Раҳмия Аюбиро шавҳараш 23 корд зад

Рози ситораҳо, Слайдер, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ

  Ханда мебинӣ, вале…

Раҳмия Аюбӣ дар ҷодаи ҳунар ҳанӯз раҳнаварди навроҳ аст, вале аллакай тавонистааст бо садои гӯшнавоз ва таронаҳои марғуби ошиқонааш дар дили мухлисони савту наво маъво бигирад.

Ин фариштаи заминиро дар саҳнаи ҳунар рақсону ғазалхон дида, кас гумон мекунад, ки гарди ғам ҳеҷ гоҳ гирдаш нагаштааст, аммо дар паси хандаҳои дилфиреби Раҳмия як олам дарду алам ниҳон аст. Ҳаёти ин бонуи ҳунар як силсилафилми зиндаи пурмоҷароро мемонад. Филме, ки дар он ҳам ишқ асту ҳам хун. Филме, ки дар он муҳаббату нафрат бо ҳамдигар омехтаанд. Ин сатрҳоро шоир гӯё маҳз дар баёни зиндагии Раҳмия Аюбӣ гуфтааст:

Ханда мебинӣ, вале аз гиряи дил ғофилӣ,

Хонаи мо аз дарун абр асту берун офтоб.

          

    Ишқи бачаи деҳотӣ

Духтари 7-ум ва эркаву нозпарвардаи шоир ва драматурги забардасти тоҷик Сафармуҳаммад Аюбӣ Зарина ҳанӯз 18- сола буд , ки волидонаш бо дуои сафед ӯро ба шавҳар доданд. Домод бегона набуд, аз ҳамин сабаб шоир натавонист ба хостгорон ҷавоби рад дода бигӯяд: “Духтарам ҳанӯз хурд аст”.

Ба хотири канда нашудани риштаи хешу таборӣ Аюбӣ ва ҳамсараш розӣ шуданд, ки духтари аз гул ҳам нозуктарашонро дар деҳаи дурдасти куҳистон ба шавҳар диҳанд, бехабар аз он ки ин пайванд онҳоро якумра аз ҳамдигар ҷудо мекунад. Волидони Зарина умед доштанд, ки домод гулдухтари онҳоро мисли гавҳараки чашмонаш эҳтиёт мекунад ва намегузорад, ки хоре ба пояш халад, зеро Илҳом бо як нигоҳ ошиқи зори ин парӣ гашта, аз худ Маҷнуни сонӣ метарошид, аммо…

                   

            Деви рашк

Аввалҳо зиндагиашон чун асал ширин буд, вале ин хушбахтии Зарина дер напоид. Пас аз тавлиди фарзанди нахустинашон деви рашк дар қалби Илҳом ҷой гирифта, ҳаёти ширини онҳоро ба дӯзах табдил дод. Акнун вай ҳамсарашро ҳатто ба сояи худаш низ рашк мебурд ва дар сари қаҳру ғазаб, ҳарчи аз пешаш барояд, ба сари Зарина ҳаво дода, ӯро зери мушту лагад мегирифт. Ҷавонзани аз зиндагии пур аз дарду ғам безор шуда, чанд бор бо сару рӯйи сиёҳу кабуд ба хонаашон омада, таъкид кард, ки дигар пою қадамашро ба остонаи хонаи шавҳар намегузорад, вале модар, модари зоре, ки аз худованд ба ҷуз бахти фарзанд дигар чизе намехоҳад, ҳар дафъа: “Духтарам, сабр кун, меваи сабр ширин аст” гӯён, бо панду насиҳат Заринаро ба хонаи бахташ гусел мекард, аммо…

                                

             Қасами ошиқ

Солҳо турнасон мегузаштанд, вале ниҳоли сабри Зарина ҳеҷ меваи ширин ба бор намеовард. Онҳо соҳиби чанд фарзанд гашта бошанд ҳам, деви рашк ҳамоно қалби шавҳарашро тарк намекард. Дар сари қаҳр ӯ Заринаро мурданивор мезад, вале баъд пушаймон шуда, пеши пояш меафтид ва зорию тавалло менамуд, ки аз гуноҳаш гузарад. Бори охири қаҳр карда рафтани Зарина, шавҳараш боз ба суроғи ӯ рафта, бо китоби муқаддаси Қуръон қасам хӯрд, ки дигар ҳеҷ гоҳ ба сари ӯ даст намебардорад. Зарина, ки замоне дар мадраса таҳсил карда, аз илми илоҳӣ бохабар буд, ба ин савганди шавҳараш такя намуда,  ӯро бахшид, вале…

               

             Шоми пурхун

Ҳамон шаб онҳо мисли ду кабӯтари ошиқ то дергоҳ ба гӯши ҳамдигар афсонаи ишқ хонданд. Зарринаи сармасти бахту висол ҳатто ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеовард, ки пас аз ин қадар меҳрубонию навозишҳо ӯро як шаби даҳшатзо ва пур аз хуну халаф интизор аст….
Дар ҳамом буд, ки дар кушода шуд ва шавҳараш ба мисли қассобе, ки ба сари гӯсфанди қурбонӣ меояд, корд дар даст аз дар даромад. Фурсат наёфт, ки ҳатто лаб ба сухан кушояд, Илҳом бидуни он ки чизе бигӯяд, якбора ба Зарина ҳамла карда, девонавор ба бадани аз гул ҳам нозуктари ҳамсараш корд мезад….

Хонандагони азиз, мехоҳед фоҷиаи ба сари Раҳмия Аюбӣ омадаро аз забони худи ҳунарманд шунавед, пас шумораи навбатии «Оила»-ро аз тамоми дӯконҳои кишвар ҷӯед, ёбед, хонед!!!


Поделиться новостью в социальных сетях:

15 комментарий

Leave a Reply