Пулиси рус муҳоҷири тоҷикро пахш карда кушт

МУҲОҶИР, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Дар километри 41-уми роҳи мошингарди ҳалқавии Маскав (МКАД) автомашинаи тамғаи Mazda 3 таҳти идораи корманди 26-солаи пулис муҳоҷири 20-солаи тоҷикро, ки аз роҳ давида мегузашт, пахш намуд.

Хабаргузории ТАСС дар ин робита менависад, муҳоҷир роҳро дар ҷойи барои гузаштан манъшуда убур карда, зери чархи автомашина мемонад ва аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудааст.

Гуфта мешавад, зери чанбараки автомашинаи Mazda 3 корманди пулиси шуъбаи ВКД-и «Троитский» қарор дошта, замони рух додани ҳодиса уҳдадориҳои хизматиро адо намекардааст. Ташхис нишон додааст, ки ронанда шароб истеъмол накарда, қоидаи ҳаракат дар роҳро ҷабрдида риоя накардааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» ҳамдиёронамон аз Маскав хабар доданд, ҳалокшуда зодаи шаҳри Турсунзода Искандар Юлдошев, соли таваллудаш 1997 мебошад. Айни замон муҳоҷирони муқими Маскав барои ба ватан фиристодани ҷасади ӯ пул ҷамъ мекунанд.

«Агар мурдаи ӯро барои гуручӯб ба ватан фиристода натавонем, ҷасадаш дар ҳамин ҷо сӯзонида мешавад», — хабар доданд ба «Азия-Плюс» шиносҳои ҳалокшуда.

Бознашр аз «Азия-Плюс»

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply