Президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон меояд

Сиёсат, Слайдер, ТОҶИКИСТОН, Узбекистон

Президенти  Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев гуфтааст,ки  бо Тоҷикистон дар мавриди аз нав кушодани роҳҳои оҳан ва хатҳои интиқоли нирӯи барқ тавофуқ ҳосил шудааст. Мирзиёев гуфт, ба зудӣ сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов барои таҳияи шартномаҳо ва омода кардани сафари расмии вай ба Тоҷикистон меравад.

Шавкат Мирзиёев 5 январ дар иҷлосияи маҷлиси вакилони халқи вилояти Тошканд хабар дод, ки дар муносибатҳои байни Ӯзбекистону Тоҷикистон ба наздикӣ тағйироти инқилобие ба вуҷуд хоҳад омад.

Шавкат Мирзиёев гуфт, аз ҷумла иртиботи роҳи оҳан ва хатҳои интиқоли барқ байни Ӯзбекистону Тоҷикистон барқарор карда хоҳанд шуд. Мирзиёев ҳамчунин хабар дод, ки сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов барои таҳияи ин созишномаҳо ва омода кардани сафари расмии ӯ ба Тоҷикистон меравад: «Дар ҷарёни тайёрӣ ба сафари Тоҷикистон бо Абдулло Неъматович, мо шартномаҳои катта-катта ба имзо мерасонем. Роҳи оҳан ба Тоҷикистон кушода мешавад, хатҳои интиқоли нирӯи барқ ҳам кушода мешаванд… Касе моро намебахшад, агар ҳама чиз хуб нашавад. Мо ин корро мекунем. Вале шикастани яхи 20-сола кори осон нест.”

Шавкат Мирзиёев моҳи сентябри соли 2016, дар пайи даргузашти президенти якуми Ӯзбекистон Ислом Каримов ба мақоми раҳбари аввали ин кишвар омад. Ӯ дар ин як солу чор моҳ аз ҳамаи 4 кишвари дигари Осиёи Марказӣ расман боздид кард, вале то ҳол фақат ба як кишвари ин қаламрав — Тоҷикистон сафар накардааст.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply