Президенти Туркменистон меҳмони мо мешавад

Сиёсат, ТОҶИКИСТОН, Туркманистон, ХАБАРИ ТОЗА

Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов пагоҳ, 2 ноябр бо сафари дурӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад

Мувофиқи маълумоти  департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон, субҳи рӯзи 2 ноябр дар «Қасри миллат» мулоқоти хосаи сарони кишварҳои Тоҷикистону Туркманистон Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов доир гардида, сипас музокироти васеи ҳайатҳои кишварҳо бо иштироки роҳбарони давлатҳо дар назар аст.

Аз рӯи натиҷаи гуфтушунидҳо аз имзои як қатор санадҳои дуҷониба дар бораи ҳамкории минбаъда интизорӣ рафта, ба намояндагони ВАО изҳороти муштараки матбуотӣ пешниҳод мегардад.

Нимаи дуюми рӯзи 2 ноябр маросими гузоштани гулчанбар назди Маҷмааи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ аз ҷониби Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов баргузор мешавад.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҳошияи сафари президенти Туркманистон ба Тоҷикистон имрӯз, 1 ноябр дар Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ ҳамоиши доираҳои соҳибкорӣ ва тиҷоратии кишварҳо барпо мешавад.

Пояи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон зиёда аз 50 санаде иборат мебошад, ки аз соли 1993 то соли 2012 ба имзо расидаанд. Созишномаҳои имзошуда асоси ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, сармоягузорӣ, андоз ва гумрук ташкил медиҳанд.

Соли 2016 ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Туркманистон ҳудуди 95 млн. долларро ташкил дода, дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба Тоҷикистон аз Туркманистон маҳсулоти нафтӣ, равғани растанӣ, семент ва дар навбати худ Туркманистон аз Тоҷикистон молҳои мавриди ниёзи мардум, алюминий ва маснӯоти он ва маҳсулоти кишоварзӣ харидорӣ мекунанд.

 

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply