Президентӣ ва асосгузории Кабирӣ инкор шуд

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Масъулони Федератсияи гандболи Тоҷикистон мегӯянд, ки раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ягон вақт президенти ин федератсия набуд.

Мирзоҳодиев Муҳаммад-Фарид, иҷрокунандаи президенти Федератсияи гандболи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошта, ки айни замон корҳои федератсияро ӯ пеш мебарад. Ба гуфтаи Мирзоҳодиев, аз соли 2007 то 2015 вазифаи президенти Федератсияи гандболро Маҳмудов Саид ба зимма дошт ва аз соли 2016 то инҷониб иҷрокунандаи вазифаи президенти федератсияи гандболи ҶТ сармураббии дастаи гандболи шаҳри Душанбе, Мирзоҳодиев Муҳаммад-Фарид, яъне худи ӯ мебошад.

«Дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандае, ки Вазорати адлияи ҶТ ба Федератсияи гандбол додааст, танҳо номи Саид Маҳмудов зикр шудааст. Яъне ин нафар асосгузор ва президенти федератсия буд. Ва номи Муҳиддин Кабирӣ дар ягон ҳуҷҷат сабт нашудааст,” – гуфт Мирзоҳодиев Муҳаммад-Фарид.

Федератсияи гандболи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2004 ташкил шуда, аз соли 2007 ба баргузории мусобиқаҳо оғоз кардааст

Ин дар ҳолест, ки дар гузашта дар чандин матлабҳои расонаҳо, номи Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) ҳамчун президенти федератсияи гандбол нашр гардида, ӯ инчунин вобаста ба фаъолияти федератсияи мазкур борҳо мусоҳиба ҳам додааст.

Сармураббии дастаи гандбол Мирзоҳодиев Муҳаммад Фарид мегӯяд: «Шояд Муҳиддин Кабирӣ президенти фахрии ин федератсия буд ва ё сарпарасти гандбол. Ман дар ин бора маълумоти дақиқ надорам. Бо вуҷуди он ки мусобиқаҳо гузаронида истодаем,  федератсияи мо ба сарпараст ва дастгирии шахсони саховатманд ниёз дорад.”


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply