Президентҳо куштори Бирмаро маҳкум карданд  

Сиёсат, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

 

Президенти  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 7 сентябр дар як тамоси телефонӣ бо президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон бо изҳори нигаронӣ аз вазъи мусалмонон дар Мянма(Бирма)  афзоиши исломбадбинӣ ва ҳамлаҳои гурӯҳҳои иртиҷоӣ дар он кишварро қотеъона маҳкум кардааст.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми рӯзи 7 сентябр бо ҳамтои туркаш Раҷаб Таййиб Эрдуғон сӯҳбати телефонӣ анҷом додааст.

Дар ин сӯҳбат, ки бо ибтикори ҷониби Туркия сурат гирифтааст, Эмомалӣ Раҳмон ва Раҷаб Эрдуғон «зимни баррасии масъалаҳои байналмилалӣ сарони ду давлат дар робита ба вазъе, ки нисбат ба ҷомеаи мусулмонон дар кишвари Мянма ба амал омадааст, изҳори нигаронии ҷиддӣ намуданд. Онҳо афзоиши исломбадбиниро дар Мянма ва ҳамзамон ҳамлаҳои мусаллаҳонаи гурӯҳҳои иртиҷоиро дар Ракхайн қотеъона маҳкум карданд.”

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон меафзояд, ки «ҷонибҳо ҷиҳати ҳалли одилонаи ҳама гуна низоъҳои этникӣ ва мазҳабӣ сирф бар асоси муколамаи мусолиҳатомез изҳори ақида намуда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал оварданд, то бо истифода аз воситаҳои муассир пеши роҳи чунин зуҳуроти хатарзо гирифта шавад.”

Раҳмон ва Эрдуғон дар ин тамоси телефонӣ дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайнро низ баррасӣ карда, солгарди 25-уми истиқрори равобити дипломатӣ байни Туркияву Тоҷикистонро ба якдигар табрик гуфтаанд. Гуфта мешавад, ки ду президент ҷиҳати мушаххас кардани санаи сафари расмии Эрдуғон ба Тоҷикистон низ тавофуқ ҳосил кардаанд.

Президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар рӯзҳои охир ба хотири ба даст овардани пуштибонии шумори ҳарчӣ бештари раҳбарони кишварҳои мусалмонӣ дар масъалаи ҳимоят аз аҳли қабилаи мусалмони роҳинҷа дар Мянма хеле фаъол аст ва ҳар рӯз бо чанд ҳамтои хориҷии худ дар ин масъала тамос мегирад.

Эрдуғон башиддат хостори қатъи хунрезиҳо дар вилояти мусалмоннишини Ракҳайн буда, низомиҳои Мянмаро ба геносид нисбат ба қабилаи роҳинҷа айбдор мекунад.

Артиши Мянма рӯзи 25 август дар посух ба ҳамлаҳои чирикиҳо аз Артиши озодии Аракан (АРСА) ба амалиёти густардае дар вилояти Ракҳайн шурӯъ кард. Дар ин вилоят ҳудуди 800 ҳазор нафар аз қабилаи мусалмони Роҳинҷа ба сар мебаранд.

Аксҳову наворҳои нашршуда дар Интернет ҳокист, ки нирӯҳои артиши Мянма, гурӯҳҳои ниманизомӣ ва издиҳоми буддоиҳо ба деҳаҳои мусалмонон ҳамла оварда, хонаҳоро оташ мезананд, кӯдаконро сар мебуранд ва мардону занонро зинда ба зинда оташ мезананд ваё зери хок мекунанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply