Президент Манижа ва Ёсуманро таъриф кард (Видео)

МУҲОҶИР, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ду духтари боистеъдоди тоҷик Манижа Тошболтаева ва Ёсуман Исмонзода, ки дар телевизиони Русия ҳамаро бо дониши худ ба ҳайрат оварда, дар сабқати байналмилалии «GeniusKid-2017” соҳиби медали тило шуданд, ситоиш кард.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, пирӯзии Манижа ва Ёсуман мояи ифтихори тамоми Тоҷикистон аст ва эҳсоси ватандӯстиву худшиносии мардум, бахусус ҷавонони тоҷикро боло мебарад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 6 ноябр дар маросими ифтитоҳи Боғи навсозишудаи ба номи Садриддин Айнӣ дар шимоли шаҳри Душанбе аз Манижа Тошболтаева ва Ёсуман Исмонзода – ду шогирди Академияи арифметикаи зеҳнӣ «Империя знаний” – гарм ситоиш кард. Эмомалӣ Раҳмон, ки дар бораи худшиносии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстӣ сӯҳбат мекард, гуфт, пирӯзиҳое, ки Ёсуман ва Манижа ба даст оварданд, бештар аз ҳар чизи дигар ба боло бурдани сатҳи худшиносӣ ва эҳсоси ватандӯстии мардум, бахусус насли ҷавони тоҷикон мусоидат мекунад.

Президенти Тоҷикистон ҳунарнамоии Манижа Тошболтаева ва Ёсуман Исмонзода дар барномаи телевизиони Русия ва пирӯзии онҳо ва дигар дастпарварони Академияи арифметикаи зеҳнӣ «Империя знаний” дар сабқати байналмилалии «GeniusKid-2017”-ро як мояи ифтихор ва сарбаландӣ барои тамоми Тоҷикистон номид ва аз ҳама даъват кард, то бо чунин дастовардҳо номи миллат ва давлати худро дар арсаҳои байналмилалӣ баланд бардоранд.


Академияи арифметикаи зеҳнӣ «Империя знаний”-и шаҳри Душанбе рӯзи 5 ноябр хабар дод, ки шогирдонаш дар сабқати байналмилалии «GeniusKid-2017” дар шаҳри Маскав 12 медал, бо шумули 5 медали тило, 5 нуқра ва ду биринҷӣ ба даст овардаанд ва «Империя знаний” дар ҳисоби умумӣ дар ин мусобиқа ҷои аввал ва ҷоизаи асосиро соҳиб шудааст. Ёсуман Исмонзода ва Манижа Тошболтаева, як намояндаи дигари ин мактаб, ки низ дар барномаи телевизиони Русия бо ҳунари худ ҳамаро ба ваҷд оварда буданд, дар «GeniusKid-2017” медали тило гирифтаанд.

Исми Академияи арифметикаи зеҳнӣ «Империя знаний”-и шаҳри Душанбе дар поёни моҳи октябр дар пайи ҳунарнамоии ҳайратовари ду шогирдаш — Ёсуман Исмонзода ва Манижа Тошболтаева — дар барномаи «Удивительные люди” дар шабакаи телевизионии «Россия 1” вирди забонҳо шуд. Манижа Тошболтаева вва Ёсуман Исмонзода 22 ва 29 октбяр дар барномаи «Удивительные люди” бо ҳунари худ ҳамаро қоил карданд.

Ёсуман Исмонзода дар овоздиҳии барномаи «Удивительные люди” дар шабакаи телевизионии «Россия 1” бо касби 44 дарсади овозҳо ҷои дуюмро гирифт.

Дар барнома муҷрӣ Александр Гуревич дар даври аввал аз Ёсуман хост, то ҳосили ҷамъу тарҳи 100 шумораи даҳӣ ва садиро барорад. Ёсуман, ки ин ҷамъу тарҳро дар зеҳнаш анҷом медод ва ҳангоми ҳисоб ангуштонашро ҳаракат медод, дар зарфи камтар аз ду дақиқа гуфт, ки ҳосили ин ҷамъу тарҳ 448 мешавад. Гуревич эътироф кард, ки ҷавоби дуруст дар ҳақиқат 448 аст. Аҳли толор бо шавқу шӯр аз ин намоиши истеъдоди духтари тоҷик истиқбол кард ва аъзои ҳайратзада ҳайъати ҳакамон ангушти ҳайрат мегазиданд ва сар меҷунбонданд.

Дар имтиҳони баъдӣ Гуревич 50 шумораро, ки дар коғаз ва он ҳам баракс (зеркальный) навишта шуда буд, ба тамошобинон тақсим кард. Бо амри муҷрӣ тамошобинон як-як аз ҷо баланд шуда ин шумораҳои барои мушкил шуданаш баракс навишташударо ба Ёсуман нишон доданд ва ӯ дар зеҳнаш бо ҳаракати ҳамзамони ангуштонаш ин ҳамаро ҷамъу тарҳ кард ва дар ниҳоят ҳосилашро дод: 788.

Александр Гуревич гуфт, ин посухи Ёсуман ҳам дуруст аст ва аҳли толор ба хотири истиқбол аз пирӯзии духтари тоҷик ҳама аз ҷо бархоста, ба шарафи ӯ кафкӯбӣ карданд.

Ҳафтае пеш аз Ёсуман дар барномаи «Удивительные люди” намояндаи дигари Академияи арифметикаи зеҳнӣ «Империя знаний”-и шаҳри Душанбе Манижа Тошболтаеви 15-сола бо истеъдоди ғайриоддиаш ҳамаро дар ҳайрат гузошта буд. Манижа бо як нигоҳ суръати мошинро бехато муайян кард.

Барои имтиҳон кардани ин ҳунари ғайриоддиаш Манижа Тошболтаеваро ба як автодроми шаҳри Маскав бурданд. Манижа мебоист суръати мошинро бо нигоҳ мушаххас мекард. Узви ҳайъати ҳакамони барномаи «Удивительные люди” Евгений Папанишвили дар айни замон дар даст бо радар суръати он мошинро чен мекард.

Манижа баъди аз назди онҳо гузаштани мошин гуфт, ки суръаташ 69 километр дар як соат буд. Радари дасти Папанишвили низ айни суръати 69 километр дар як соатро нишон дода буд.

Папанишвили, ки аз ин ҳунари Манижа дар ҳайрат афтода буд, гуфт, ҳеҷ бовараш намеояд ва бояд суръати боз ду мошини дигарро бисанҷанд, ки бовариаш комил шавад.

Суръати мошини дуюмро радар 79 километр дар як соат нишон дод. Манижа як каме иштибоҳ карда, суръаташро 76 гуфт. Мошини сеюм мисли бод ва бо суръати 145 километр дар як соат аз паҳлуи Манижа ва Папанишвили гузашт. Манижа суръати онро 149 километр дар як соат гуфт ва бори дигар Папанишвилиро дар ҳайрат гузошт.

Вақте ин наворро дар студияи барномаи «Удивительные люди” аҳли толор ҳама ба шарафи Манижа Тошболтаева қарсак заданд ва муҷрии барнома Александр Гуревич дар зери ин мавҷи қарсакҳо гуфт, «ин дар ҳақиқат ҳайратовар буд!” 

Ин алакай мавсими дуюми барномаи «Удивительные люди” дар шабакаи телевизионии «Россия 1” аст. Ҷоизаи асосии ин сабқат 1 миллион рублро ташкил мекунад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply