Писари шавҳарам ба духтарам чашм ало кард

Номаҳо, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Ҳамсарам аз дунё гузашту маҷбур шудам, ки дубора ба шавҳар бароям. Волидонам марди занмурдаеро ба ман муносиб диданд, ки ду писар дошт. Бо як духтарчаи 5-сола ба хонаи шавҳари навам омада, ду кӯдаки ӯро ҳамчун фарзанди худам қабул намудам.

Кӯшиш мекардам, ки онҳо бе модар буданашонро ҳис накунанд. Бачаҳои шавҳарамро аз духтарчаи худам бештар эрка мекардам, худам нахӯрда, чизи ёфтаамро ба даҳони онҳо мемондам, худам напӯшида барояшон либосҳои беҳтаринро мехаридам, то мардум нагӯянд, модар, ки ҳаст, фарзанди худашро гул барин нигоҳ карда, кӯдакони шавҳарашро хору зор мекунад. Солҳо турнасон гузашту бачаҳои шавҳарам қад кашида, мардбача шуданд, духтари ман низ як нозанини қадраси арӯсӣ гашт. Зиндагии ширине доштем, аммо…

“Сағера ба ҷое мерасидаасту сағерапарвар не” гуфтани мардум беҳуда набудааст, баъди оне ки шавҳарам ба Русия мардикорӣ рафт, муносибати бачаҳояш тағйир ёфт. Духтарам чанд бор шикоят кард, ки акаи калониаш, яъне писари шавҳарам ба вай чашм ало кардааст, вале ба гапаш бовар накарда, ба даҳонаш мезадам, ки сафсата нахонад. Тақозо як саҳар ба кор рафта калидро фаромӯш кардаму ба хона баргашта шоҳиди манзараи нангине гаштам, ки забонам ба гуфтанаш намегардад. Писари калонии шавҳарам, Дилшоди 22-сола хонаро хилват ёфта, духтари 18-солаи маро таги по карда буд ва мехост зӯран ба номусаш дастдарозӣ намояд. Хайрият, ки сари вақт расида омадам, вагарна ҳаёти духтаракам месӯхту шармандаи ду дунё мешудам. Азбаски шавҳарам дар хона набуд, зӯри мани танҳо ба кашидани лаҷоми Дилшод нарасид. Аз тарс духтарамро бурда ба хонаи бародарам мондам. Саломат ҳар рӯз занг зада хоҳиш мекунад, ки аз шавҳарам ҷудо шуда ба наздаш баргардам, вале ман аз ин мард боз як писару як духтари дигар дорам. Ҳайрон мондаам, ки чӣ кор кунам. Барои духтарам шуда ин ду фарзанди аз шавҳари дуюмам будаамро бе падар созам ё ҳамаашро ба шавҳарам гуфта ,талаб намоям, ки таноби бачаҳояшро кашида онҳоро аз дар берун созад.

Сарҳисоби корамро гум кардаам. Илтимос ба ман маслиҳат диҳед!

Раҷабгул, сокини ш . Душанбе


Поделиться новостью в социальных сетях:

2 комментарий

Leave a Reply