Писари дузд ба даст афтод

НТМ, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ХАТЛОН, ҲУҚУҚ

Як сокини кӯчаи Навободи шаҳри Душанбе ба мақомоти милиса хабар додааст, ки рӯзи 14 ноябр аз хонааш 15 ҳазор сомонӣ ва 200 доллари ӯро дуздидаанд. Вазорати дохила мегӯяд, бо гумони даст доштан дар ин дуздӣ писари 15-солаи соҳибхонаро дастгир кардаанд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 21 ноябри маркази матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон:

Ноболиғ маблағҳои падарашро дуздӣ кард

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино марди 51-солаи сокини кӯчаи Навободи шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки санаи 14-уми ноябри соли 2017, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 15000-сомонӣ ва 200-доллари амрикоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия писарчаи ноболиғи 15-солаи соҳибхона, хонандаи синфи 9-уми яке аз мактабҳои варзишӣ, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор шудани далелҳои қаллобӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи А.Ҷомӣ марди 33-солаи сокини деҳаи Н.Махсум муроҷиат намудааст, ки марди 60-солаи сокини ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳияи мазкур бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 5000 доллари амрикоӣ ва 6000-сомониро гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.

Ҳамин тариқ, ин марди 60-сола, бо ҳамин роҳ аз марди 37-солаи сокини ноҳияи Тоҷикобод 3000 доллари амрикоиро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамчунин оид ба ҷинояти қаллобӣ ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино марди 46-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ муроҷиат намудааст, ки рӯзи 31-уми декабри соли 2014, марди 47-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 555000-сомониро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Гумонбаршудагон дар ҷинояти қаллобӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, нисбаташон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Пардохт накардани маблағи автомашина

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ марди 21-солаи сокини ноҳияи Муъминобод муроҷиат намудааст, ки рӯзи 7-уми сентябри соли 2017, ҳангоми дар кӯчаи Деҳотии пойтахт қарор доштанаш марди 26-солаи сокини ш.Кӯлоб, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Опел-Астра”-ро ба маблағи 29000-сомонӣ нархгузорӣ карда, автомашинаро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply