Пиряхи «Зарафшон» дар ҳоли обшавӣ қарор дорад

ДИН ВА ҶОМЕА, НТМ, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

     Пиряхи калонтарини вилояти Суғд, ки «Зарафшон» ном дорад дар ҳоли обшавӣ қарор дорад. Бино ба гуфти обуҳавосанҷон ин пирях аз сатҳи баҳр 4700 метр дар баландӣ ҷойгир аст. Абдувалӣ Ҳомидов, сардори Маркази обуҳавосанҷии вилояти Суғд аз рӯи таҳлили чанд соли охир зикр намуд, ки пиряхи «Зарафшон» 27 метр об шудааст. Дарозии ин пирях 26,5 километр буда масоҳати умумӣ бо шохобаш 114,9 километри квадратӣ аст.

    Обуҳавосанҷон мегӯяд, ки ҳоло оби пиряхи «Зарафшон» ба дарёи Зарафшон ҷорӣ шуда заминҳои ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ ва қисме Панҷакентро шодоб намуда, асосан заминҳои Самарқанду Бухороӣ кишвари ҳамсояи Ӯзбекистонро бо об таъмин мекунад. Нигоҳи чанде аз коршиносон дар мавридии обшавии пиряхҳо ва таъғирёбии иқлимро дар гузориши зерин пайгирӣ намоед.

                                                                                                                                   Фарзона Муродӣ


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply