Пирамарди 77-соларо кӣ кушт?

НТМ, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 44-солаи сокини кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо иттиҳоми куштор дастгир карда шуд.

Номбурда, шаби 20 ба 21-уми ноябри соли 2017, тахминан соати 01:30-дақиқа, дар кӯчаи Фирдавсӣ бо шиносаш, марди 77-солаи сокини пойтахт вохӯрда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо корди дар дасташ буда, 4-маротиба ба узвҳои баданаш задааст.
Дар натиҷа марди 77-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Нисбати ин қазия парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply