Пас аз 10 сол боздошт шудани Муродалӣ Содиқов

МУҲОҶИР, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Муродалӣ Содиқов, як шаҳрванди 46-солаи Тоҷикистонро, ки дар пайгарди байналмилалӣ қарор доштааст, аз тарафи пулиси Русия боздошт ва ба Ватан истирдод гардидааст.

Бино ба гуфти дафтари матбуоти Додситонии Маскав, мақомоти Тоҷикистон Муродалӣ Содиковро дар куштори 3 нафар муттаҳам медонад ва ӯ 10 сол аст, ки дар пайгард қарор дошт: “Содиқов ҷиноятро бо шариконаш шаби 30 марти соли 1993 дар вилояти Хатлон содир кардааст. Дар Тоҷикистон бар пояи моддаи 104 қисми “б,г,з”-и Кодекси ҷиноятӣ айбдор мешавад”.

Ба иттилои манбаъ, Содиков моҳи январи соли ҷорӣ дар истгоҳи метрои “Румянтсево”-и Маскав боздошт шудааст .


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply