Парвина Саидова модилери тоҷик рӯ ба сарояндагӣ овард

ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Парвина Саидова яке аз чеҳраҳои намоёни кишвар, ки дар ҷаҳон ҳамчун модилери зеботарин шинохта шудааст, имрӯз суруди аввалини хешро пешкаши мухлисонаш гардонд.

Суруди Парвина «Аладдин ном дошта, бо забони русӣ суруда шудааст. Парвина бо чеҳраи зебои тоҷиконааш дар дилу дидаи мардуми олам ҷой ёфтааст ва дар чандин фестивалҳои берун аз марзӣ ширкат варзида ҷойҳои намоёнро ишғол намудааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки модели 27-солаи тоҷик Парвина Саидова, ки 5 фарзанд дорад,соли гузашта дар даври ниҳоии ҷашнвораи муду зебоии «WORLD BEAUTY ASTANA 2016»унвони «Missis International-2016»-роба даст оварда буд. Парвинаро барои ҳусни нотакрор ва ҳунари истоданаш дар саҳна тарроҳи машҳури либос Пер Карден ба Порис даъват кард.

Зимнан рӯзи 13 сентябр Парвина Саидова нахустин таронааш бо номи «Аладдин»-ро нашр менамуд,ки метавонед аз ссилкаи дар зер буда тамошо намоед.


Поделиться новостью в социальных сетях:

2 комментарий

  • Ана акнун нав девона шуд…… Овоза кард, ки шавхар мекунаду ба Париж намеравад аммо маълум шуд, ки шавхар нею сароянда мешавад…………Дигар кор надори чи бало, хамин кадар сароянда дорем, ки ногуфтани….. Акнун хуат ба ин шумора зам шуди……..

Leave a Reply