Порсол ду кас, имсол 4 кас мурд, соли дигар чи…?

ДИН ВА ҶОМЕА, СУҒД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Ба қавли чанде аз сокинони маҳаллаи 19-и шаҳри Хуҷанд, ки шаби 30.12.2017 баъди зиёфати солинавӣ  дар он ҷо 8 нафар ба беморхона  афтода,  4 нафари онҳо ба ҳалокат расида буданд,  соли гузашта низ дар ин нуқтаи шаробфурӯшӣ ду нафар аз истеъмоли машруботи пастсифати спиртӣ  ҷон бохта будаанд. Як сокини ин бино, ки нахост номашро дарҷ кунем (номамро навишта сарамро дар боло намонед гуфта аз таҳдид шудан дар ҳарос буд) гуфт:-Агар ин  майкадаи вайрона, ки ба ҷои боғчаи бачагонаи наздибиноӣ сохта шудааст аз байн бардошта нашавад, ин муромурӣ ба охир намерасад. Бубинед, маҳаллаи 19-ум маркази шаҳри Хуҷанд ба ҳисоб меравад. Шаҳри Хуҷанд бошад дили вилоят аст. Ин вайрона, ки бо боиси коста гардидани ҳусни маҳалла ва аз набудни ҷойи бозию фароғат овора шудани фарзандони мо мегардад, ба ҷои аз байн бурдан, сафи ҳарифон зиёд шуда истодааст.

— Бинед дар атрофи ҳамаи биноҳо боғча барои бозию истироҳати кӯдакон аст, аммо ин ҷо ба ҷои боғча як вайронаи ваҳмангез, ки ҳар сол сари арақхӯронро мехӯрад барпо шудааст. Чаро ягон ниҳод ба ин ҷо омада тафтишот намебарад? Чаро машруботи  спиртӣ ин ҷо мисоли маҳсулоти ниёзи аввал ба фурӯш гузошта мешаваду маъулин хомушанд?  Ё Қонун танҳо барои камбағалону бетағоҳо амал мекунед, ки  “тағадорон” худашон шоҳу таъбашон вазир аст? …

Идомаро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мутолиа намоед.

                                                                                                                  Фарзона  Муродӣ

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply