Пагоҳ дар «Наврӯзгоҳ» мотосиклборон мешавад.

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Пагоҳ, 11 ноябр дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» -и шаҳри Душанбе аз соати 11:00 то соати 15:00 клуби мототсиклронҳои «Ирбис» мусобиқаи «Анҷомёбии мавсими мототсиклронӣ-2017» -ро баргузор менамояд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, мусобиқаи мазкур бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ҷамъбаст намудани «Мавсими мототсиклронӣ-2017» ва дастгирӣ намудани ташаббуси ҷомеаи шаҳрвандӣ доир мегардад.

Бояд гуфт, ки ҳаракати қатораи иштирокчиён бо роҳнамоии автомобилҳои роҳбонии шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ба самти кӯчаи Карамов — хиёбони Рӯдакӣ, гардиш ба тарафи рост то чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ — кӯчаи Бухоро, гардиш ба кӯчаи Бухоро — Турсунзода, гардиш ба тарафи рост — кӯчаи Шоҳтемур, ҳаракат то роҳи ҳалқавии гардиши Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Комбинати хӯроквории Тоҷикистон» ва баромад ба кӯчаи Дӯстии халқҳо то Муассисаи давлатии «Боғи «Ғалаба» ва нигоҳдории ҷангал»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба роҳ монда мешавад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply