Қотилони муҳоҷирони тоҷик дастгир шуданд

МУҲОҶИР, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Мақомоти тафтишотии Русия таъйид карданд, ки ду тоҷири тоҷик чанд рӯз пеш дар роҳи Чита ба ноҳияи Красночикойск, кушта шудаанд. Кумитаи тафтишотии Русия хабар додааст, ки муттаҳамон дар қатли ин ду шаҳрванди Тоҷикистон, ҳоло боздошт шудаанд.

Ба гуфтаи манобеи тафтишотӣ, яке аз муттаҳамон чанде қабл баъд аз сипарӣ кардани давраи 12-солаи зиндон раҳо шуда буд. Манбаъ афзуд, ки ин афрод бо тоҷирони тоҷик дар робита ба фурӯши чормағз машварат мекунанд ва ҳине, ки ин ду тоҷири тоҷик ба ҷои ҳодиса ҳозир мешаванд, бо силоҳ онҳоро ба қатл расонида ва пулҳоро мегиранд.

Мақомоти пулис дар минтақаи Забайкал қаблан гуфта буданд, ки Тошпулод Тошпулодов ва Бурҳон Гадоев — ду шаҳрванди Тоҷикистон ду рӯз пеш аз Соли нав дар роҳ аз Чина ба Красночикойск беному нишон шудаанд. Пулис гуфтааст, ки ин ду шаҳрванди Тоҷикистон савори мошини навъи “Mitsubishi Canter”-и сафед буданд ва бо худ маблағ ва ҳуҷҷатҳо доштаанд.

Қарор аст ҷасадҳои ин ду шаҳрвандони Тоҷикистон рӯзҳои наздик ба зодгоҳашон интиқол дода шавад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply