ОССRP  Амонулло Ҳукумовро айбдор мекунад?

ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Мақомоти тафтишотии Тоҷикистон мегӯянд, бо ин ки аз матлаби интиқодӣ дар ҳақи Амонулло Ҳукуматулло, раиси пешини ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” аз матбуот огаҳӣ ёфтаанд, вале ҳеҷ иқдоме дар ин замина гирифта нашудааст.Дар як гузориши таҳқиқотии созмони OCCRP — Барномаи таҳқиқи фасод ва ҷиноятҳоии созмонёфта, ки рӯзи 4 январ нашр шуд, гуфта мешавад, ки хонаводаи Амонуллои Ҳукуматулло (Ҳукумов) дар Ҷумҳурии Чех вашаҳри Маскав ба маблағи 10,6 миллион доллар хонаву сохтмони маъмурӣ харидааст. Ҳамсари ӯ Амина Мусоева, ки аксар дороиҳо дар шаҳрҳои Карлови Варию Марианске Лазне ба номи ӯ сабт шудаанд, маводи ин гузоришро бепояву асос хонд.Бо гузашти чор рӯз аз нашри гузориш дар бораи дороиҳои Амонуллои Ҳукуматулло дар хориҷи Тоҷикистон, ҳеҷ як сохтори давлатию интизомии кишвар ба ин матлаб вокуниш накардааст.

“Ягон муроҷиат дарёфт накардаем”

Фирдавс Раҳимзод, як масъули Додситони кулл рӯзи 8 январ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар бораи таҳқиқоти анҷомшуда огоҳ мебошад, вале дар ин замина ҳеҷ санҷиш ё иқдоми дигаре ба роҳ монда нашудааст. Фирдавс Раҳимзод гуфт: “Вобаста ба ин агар расман муроҷиат шавад, баъд мумкин инро мебинанд. Мо ҳам дар сомонаҳо дидему намедонам, ки то кадом андоза дуруст аст ё не. Агар санҷиш гузаронда мешуд, ба мо маълумот медоданд ва онро расман нашр мекардем,” — афзуд Фирдавс Раҳимзод.

Масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон низ ҳанӯз дар ин замина вокуниш накардаанд. Рӯзи 5 январ як масъули ин оҷонсӣ танҳо гуфт, ки аз таҳқиқоти журналистӣ огоҳанд.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “ОССRP  Амонулло Ҳукумовро айбдор мекунад?

  • Амондулло Ҳукумов роҳбар ва шахсияти нотакрор аст. Корҳое, ки ӯ дар рӯзҳои сахтарин барои ҷумҳурӣ ба анҷом раслонидааст , ҳеҳ роҳбаре дар Тоҷикистон, ба истиснои Президент накардааст. Ӯ обод кард. Аммо дар радиои «Озодӣ» дӯстони даруни нохунак дорад. Онҳо ба ҳар восита мехоҳанд ӯро бадном кунанд. Онҳо бояд донанд, ки сафедии шир бо сиёҳ кардани онҳо ранг дигар намекунад

Leave a Reply