Осим Каримзода: Маблағи китобҳои фанниро пардохт намоед

СУҒД, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

      Осим Каримзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд аз директорони мактабҳо ва мудирони шӯъбаҳо хост то маблағи китобҳои фанниро пардохт кунанд. Каримзода рӯзи 11 январ дар ҷаласае гуфт: «Имрӯз мо қарзҳои ниҳоят калон дорем. Мӯҳтарам мудирони шӯъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳо инро медонанд.»

   Бино ба гуфти Осим Каримзода инчунин ҳоло дар мактабҳои шимолии Тоҷикистон шумораи дақиқи китобҳо мавҷуд нест ва аз ин рӯ онҳо норасогии китобҳои фанниро эҳсос мекунанд. Ба ҷузъ ин ба чопи баъзе аз китобҳои фаннӣ 5 сол гузаштааст, ки онҳо кӯҳнаву фарсуда шудаанд.

                                                                                                                                                                  Фарзона Муродӣ


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply