Ошиқам шавҳардориамро намедонад, чӣ кор кунам?

Номаҳо, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Салом кормандон ва хонандагони азизи ҳафтаномаи «Оила”. Ман як зани соҳибмаълумот ва модари ду фарзанди дӯстрӯй ҳастам. Дар мактаб муаллима шуда кор мекунам. Шавҳарам  марди меҳрубон ва зебо асту бо тақозои зиндагӣ мисли дигар ҷавонмардои тоҷик аз пайи ризқу рӯзӣ ба Русия рафта меояд.

Рӯзе ба хоҳарам занг заданӣ шуда аз саросемагӣ як рақамро хато чидаам. Аз он ҷониб як овози фораме ба гӯшам расида маро мафтун кард. Аз он ҷониб овози ширине ба гӯш расид. Садо чунон  форам буд, ки маро мафтун кард. Худамро гум карда канда-канда гуфтам: “Бубахшед, ман хато кардам.” Ҷавонмард “ҳеҷ гап не” гӯён, гӯширо хомӯш кард, вале соатҳои  10-и шаб боз аз ҳамон рақам ба телефони ман занг омад. Гумон кардам, ки ин дафъа ҷавон хато кардааст, вале ба ҳар ҳол гӯширо бардоштам. Шиноси ношиносам ба ман чунон суханҳои ширине гуфт, ки обу адо шуда, зани шавҳардор буданамро фаромӯш кардам. Ҳамин тавр, мо бо ҳам шинос шудем. Иқрор нашудам, ки оилаю ду фарзанд дорам. Ошиқам то ҳол гумон мекунад, ки духтараки ҳанӯз шавҳар накардаам. Вай девонавор ба ман дил баста ҳар рӯз бароям ягон туҳфа мефиристад. Мегӯяд, ки ман ҳаётамро бе ту дигар тасаввур карда наметавонам. “Туро ба ҳеҷ кас намедиҳам” гӯён, ин ҷавони содадил ба хонаи мо хостгор фиристоданист. Чанд бор ӯро дашному ҳақорат кардам, гапҳои қабеҳ задам, то дилаш аз ман монад, вале меҳраш торафт зиёдтар мешаваду кам не. Вай домони маро раҳо карданӣ нест.  Дирӯз бо шавҳарам телефонӣ суҳбат доштам. Гуфт, ки имсол кораш чандон хуб нест ва ду-се моҳи дигар истода ба хона бармегардад. Метарсам, ки суҳбатҳои телефонии ман бо ин ҷавони ношинос боиси беобрӯ ва хонавайрон гаштанам мешавад. Бо он ҷавон чақ-чақ карда,  ман ҳеҷ гумон надоштам, ки вай ба ман ин қадар сахт дил мебандад. Хатои ман ҳамин буд, ки шавҳардор буданамро аз аввал нагуфтам, акнун дар миёни дуроҳаи зиндагӣ монда, намедонам чӣ хел аз ошиқи шилқин халос шавам. Аз кори кардаам сахт пушаймон ҳастам, аммо намедонам чӣ тавр хатои худро ислоҳ намоям.

Хонандагони азиз, ман шавҳару фарзандонамро дӯст медорам ва аз рӯйи суҳбатҳои бемаънии телефонӣ бо як ҷавони ношинос хонаи бахтамро вайрон кардан намехоҳам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ хел аз ин варта худро берун кашам?

Хонандаи “Оила”.


Поделиться новостью в социальных сетях:

23 комментарий

  • Ой ой дунё дар хакикат бо ин гуна одамони булхавас ба вайрони мерасад…. Ин худаш чи гап, зани шавхару ду фарзанд доштаги ба чунин амал даст мезанад???? Боз муаллима будааст….. Сад хайфи маълумоти оли доштагит ва тарбиятгар буданат…. Чи хел фарзанони мардумро бо ин хол тарбия мекунед….. Боз навиштааст: «ман шавҳару фарзандонамро дӯст медорам ва аз рӯйи суҳбатҳои бемаънии телефонӣ бо як ҷавони ношинос хонаи бахтамро вайрон кардан намехоҳам». Хуат ба саволат чавоб додаи пас ба чавон росташро иикрор шавед ва булхавасро як тараф гузоред.. Аммо агар шармандаву беобру шудан хохед, пас ИШКро интихоб кунед ва ба чавони ошик ба шавхар бароед….. Вакте ки марони точики оиладоре ки дар Россия карор доранд, ин гуна навиштахоро мехоанд, Худо меона, ки ба чи ахвол меафтанд, бархе аз онхо солхо наметавонан омада, …. Ба умеданд, ки хаммсаранашон пайи зинагиянду тарбия фарзандаон, аммо бархе аз онхоро бинед ки чи кор мекунанд………Сомонаи tajikistantimes.tj хохиш ин хел навиштахоро ба нашр нарасонед!!!!

  • ту хайвон буди занак не худованд туро намебахшад аз хотират набурод ту ба оилаи худ хиенат карди ту одам не бо насли чавон дарс мегуи аз ту барин муаллима насли чавон чи таьлим мегирад

  • Бра пешаш б… бад хит мекуни чи меша ояндаш шавхари бечорат рафта азоб каша ту боши хдата п…а мегири набоша гови гусоладоршида мондай тоба кун аз Худо ….

  • Шумо муаллима фикр намекунед, ки шавхаратон дар мухочирати мехнат захмат мекашад барои оилааш ва фарзандони ширинаш Шуммо бошад даст ба ахмаки мезанет.

  • Занг занед гуед, ки ман шавхардор агар хохед хиенат накунед, шавхарат барои ту ба мухочирати мехнати рафтааст, ки зиндагии туро хуб кунад муалимаи кам акул

  • Ба хиссиёти ОДАМ бози кардан камоли беакли ва берахмист. Ошикони ноком баъзан ба худкуши даст мезананд. Бечора чавон аз кучо медонист, ки ту шавхардор ва сохиби ду фарзанд хасти. Акнун, ки дуст доштааст, бовар кардан намехохад, ки оиладори ва мехохад бо ту ба хар рох оила бунёд кунад. Чашми ошик кур буданро шунида будам, аммо гуши ошик кар буданро акнун мешунавам. Агар муоширати шумоён танхо тарики телефон буд ва ту хатоятро фахмида боши як тарафи масъала аст ва метавони раками телефонатро дигар кунию уро фаромуш ва агар не, зани сабукпой будаи. Хар амалеро подошест. Хазорон бор тавба кун пеши Худованд, шояд гунохат бахшида шаваду шармандаю хонавайрон нагарди!

  • садкаи модари шави туро не худо мебахшад не банда чои ту дузах аст тамом ту муалимаи хиеонат кори ту хамон бачаро гир илоч надори барои ки ту дилат бахамон бача ту дигар аз хамин рох гашта наметавони шавхарат омад зан гирад фахмо муалимаи мехрубон

  • занаки точики бекл,бешарм бехаё,нафрат дорам ба хамин хел занхо,астагфриллох тоба

  • Бар падарат лаънат ту борин занна ! Ту рута сиёх мекуни ту агар шавхарата дуст медошти ин амали нопоката хеч гох анчом намедоди Мур ту шараманда !

  • Бе номус занак бдай.
    Худо бзана тувори занаки хароми палида.

  • Ту аниктараш ба зангхои телефони чавоб надех телфонатро хомуш кун то омадани шавхарат худро аз ин коми бало рахо кун дар зиндагии щиринат монеа нашав фарзандони хушрухакатро бенасиб накун сабр кун чавоб надех ба зангхояш тамоми буду балоро да сарат дур мекуни халос кунн..

  • Мемурдӣ хуб мешуд, боз чӣ кор мекардӣ?
    Садқаи номи зан-модар шавӣ… Ана ҳаминхел шудаанд як хел зани касофат, ки на дигар чун Сино дорему на дигар чун Фирдавсиву дигар олимони бузург… Завод вайрон шудааст… Вой бар ҳолат….

  • Мегуи ман шавхарамро дуст медорам, не ту шавхаратро дуст намедори , агар дуст медошти ту овози вай чавона форам намегуфти сад хайф ки ту боз ба насли наврас таьлиму тарбия ёд медихи афсус афсус ту номи МОДАРИРО олуда карди. Вкто ки боон гап мезани 2-фарзандатро фарлмуш карди шавхаратроку фромуш кари беимон нобакор. Аа ХУДОВАНД тавба кун тавба кун тавба кун холохам вакт дори ки боз беимон аз ин дунё нарави

  • Дигар кор надорен амихел менависен дигар мавзу нест чи агар хами рост бошад ами занак худаш мурочиат карда боша ман ба ин мегум ки бар падарат лаънат хароми рута сиё карди ту вая гапои кабех гуфти гапои кабех не агар мегуфти шавхар дори хамин бас буд вай дигар ба ту кор намегирифт худата мефора гап зани дуруг нагу

  • Саломмалекм дӯсто ба ин апа ё хоҳар гуфтаниям ки худашро аз телефон дур кунад як симкарта дигар гирад фақат интизор шавад шуш зангаш бизанад барои ин ки худат гунагор ҳасти вақти хато занг мезани бахшиш пурс ягар бар гашта шумода занг занад шӯмо бояд бигуйен ман шу дорам ду фарзанд ӯ агар аз Худо битарсад шумода дигар занг намезанад фақат намоз хон апа ё хоҳар фақат бар Худо тақия бикуни Худованд бахшандаву меҳрубон ҳаст

  • Мунофики харом агар кати у чавон хамхоба шуда боши вой бар холат беномус ту инро фахмида гир дайюс дохили чанат намешавад азхудо битарс

  • Дар шуразамин суман наруяд
    Кас мехру вафо зи зан мачуяд

  • Дар фасли бахор ранги гули хора ки дид?
    Дар хечаи анкабут сари мора ки дид?
    Аблах касест зи зан вафо металабад
    Аспу зану шамшери вафодора ки дид?

  • Апачон як руз руз не як руз ин сир ошкор хохад шуд лек барои ислохи ин кор хеле дер мешавад.. Шумо аз хозир огоз карда ба у шавхардр буданатонро фахмонед ва аз у талаби маъзарат намоед…

Leave a Reply