Ғолибони «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2017» муайян гардиданд

ИҚТИСОД, Лоиҳаҳо, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Шоми 6 май дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency» -и шаҳри Душанбе маросими супоридани ҷоиза ва диплом ба ғолибони озмуни «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2017»  доир гардид.

Дар расми ифтитоҳ ва супоридани ҷоизаву дипломҳо ба ғолибони «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2017»  Маҳмадшариф Бобошоҳзода, Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Муминзод Абдулмаҷид Мубин, муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Назризода Сидраҳмон Рустам, муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Манзура Рустамова, муовини аввали Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фирӯз Абдуназаров, сардори Раёсати хӯроквории Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуқаҳор Мавлонзода, намояндаи Агентии «Тоҷикстандарт», Акрам Хоҷаев, намояндаи Хадамоти зиддиинҳосории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд. Ҷоиза ва дипломи аввалинро ширкати «Авицена» аз рӯйи номинатсияи “Назар ба оянда”  соҳиб гардид, ки онро ба ғолиб Маҳмадшариф Бобошоҳзода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   тақдим намуд. Номбурда ҳангоми супоридани диплом ва ҷоизаи лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2017” гузаронидани чунин чорабиниро  аз ҷониби ҷамъияти «Оила» муҳим ва саривақтӣ номид.   Ҷоиза ва дипломҳои дигари озмуни “Тамғаи писандидаи  Тоҷикистон-2017”-ро  аз рӯйи номинатсияҳои гуногун ширкатҳои зерин: ҶДММ «Ҷаҳон Экспресс» — «Инноватсия дар соҳибкорӣ» (Инноватсия в бизнесе), ҶДММ «Мадагаскар»- «Интихоби оилавӣ» (Семейный выбор), ҶДММ «Нури Ҳаёт» — «Солимии миллат» (Здоровье нации),ҶДММ «Вегафарм» — «Меҳрубонӣ ба кӯдакон» (С заботой о детях),ҶДММ «Синон»- «Эътирофи байналмилалӣ» (Международное признание),  ҶДММ «ВАХЁ КИЛК»- «Сифати намунавӣ» (Эталон качества),ҶДММ «Сардор 2008»- «Маҳсулоти машҳур» (Популярная продукция), ҶДММ «Олами равшанӣ»- «Дизайни хушсалиқа» (Стильный дизайн), СИ «Маҳкамов Ф.»- «Ибтикори тиллоӣ» (Золотой дебют), ҶДММ «Эскимо мастер»- «Лаззати даврони кӯдакӣ» (Вкус детства), Асали «Шифо»- «Бомазза ва муфид» (Вкусно и полезно), ҶДММ «Покиза»- «Сазовори  боварӣ» (Достойный доверия), ҶСП «Комбинати шири Душанбе» — «Маҳсулоти табиӣ» (Натуральный продукт), ҶДММ «Дастархон»- «Дастовард дар соҳибкорӣ» (Бизнес-прорыв), ҶСНП «Интермаркет»- «Нархи дастрас» (Доступная цена), Маркази дилхушии кӯдакон «Аладин»- «Бренди мардумӣ» (Народный бренд), ОАО «Кони намаки Ашт»- «Навгонии сол» (Новинка года), ҶДММ «Асил»- «Дастоварди сол» (Открытие года), ҶДММ «Авас Инжиниринг»- «Нуфуз ва ҳаловат» (Престиж и комфорт), ҶДММ Файзи Расул»- «Бо муҳаббат тайёршуда» (Сделано с любовью), ҶДММ «Афзали Суғд»- «Ғизои солим» (Здоровое питание), ҶДММ «Субҳи Ватан»-«Номгӯи васеъ» (Широкий ассортимент),  ҶДММ «Реал Трейдинг» (Пайкар)-«Бо мурури вақт санҷидашуда» (Проверено временем) ва «Интихоби оилавӣ» (Семейный выбор) ба даст оварданд.

“Дар замони буҳрони шадиди иқтисодӣ, ки  тамоми кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст ва Тоҷикистон аз он дар канор буда наметавонад. Баргузор кардани  намоишгоҳ ва фуруши маҳсулоти  корхонаҳои саноатии кишвар дар доираи лоҳаи   «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2017»  ба хотири дастгирии соҳибкории ватанист”- чунин андеша доранд таҳлилгарон, коршиносони масоили иқтисодӣ.  Бо ин мақсад  имсол  давоми 3 моҳ, шурӯъ аз моҳи март дастовардҳои иштирокчиён, тамға ва маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ ба воситаи нашрияҳои медиахолдинги “Оила”, сомонаҳои rg.tj ва tajikistantimes.tj,  телевизионҳои “Душанбе HD»,  “Сафина”,   радиоҳои “Тоҷикистон”, “Ватан”, “Имрӯз” ва шабакаҳои иҷтимоӣ тарғиб шуданд. Тибқи маъулумоти “Тоҷикистон” беш аз 50 миллион сокинони дохил ва хориҷи мамлакат  аз дастовардҳои ин ширкатхо огоҳӣ  пайдо карда, барои муайян кардани «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон»  овоз додаанд.  Барои  истеҳсолкунандагони Тоҷикистон ин аудитория ва нишондиҳандаи  хуб дониста мешавад.  Дастандаркорони чорабинӣ ба ин боваранд, ки медиахолдинги “Оила” минбаъд низ «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон»- ро роҳандозӣ мекунад ва дар ин кор умед ба ҳамдастӣ ва ҳамкории сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дорад.

Тафсилоти  бештар дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон»

برنده های آزمون «تمغه پسندیده تاجیکستان-2017» معین گردیدند


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply