Ҷоизапулиҳои Президент ба 24 варзишгар

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Бо амри Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи  натиҷаҳои дастовардҳои варзишӣ дар соли 2017 барои мукофотонидани ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ ва мураббиёни онҳо 653 ҳазору 750 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Ба рӯйхати варзишгароне, ки бо ҷоизапулиҳои Президенти Тоҷикистон сарфароз мешаванд,  24 нафар навишта гардидааст. Аз онҳо 16 нафар оид ба 6 намуди олимпӣ (дзюдо – 11 нафар, варзиши сабук, гуштии юнониву румӣ, бокс, каратэ-до ва қаиқронӣ – 1-нафарӣ) ва 8 нафар оид ба ду намуди ғайриолимпӣ (самбо – 5 нафар ва ҷиу-ҷитсу – 3 нафар) мебошанд.

Дар рӯйхати варзишгароне, ки имсол Ҷоизаи президенти Тоҷикистонро мегиранд, ягон нафар бонуи варзишгар шомил нагардидааст. Зеро бонувони тоҷик дар мавсими имсола дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ва Осиё медал нагирифтанд.

Маблағи Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон мувофиқи ҷойҳои ишғолнамудаи варзишгарон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ва Осиё аз 6 ҳазору 250 сомонӣ то 75 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Маблағи аз ҳама бузург – 75 ҳазор сомонӣ — ба чемпионҳои Осиё Дилшод Назаров (варзиши сабук, гурзандозӣ) ва Комроншоҳи Устопириён (дзюдо) супурда мешавад. Аз ин маблағ ба мураббиёни онҳо 15 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад.

Дар байни варзишгароне, ки дар намудҳои ғайриолимпӣ муваффақ гаштаанд, маблағи бузург — 50 ҳазор сомонӣ (10 ҳазор сомонӣ — мураббӣ) – ба қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо Беҳрӯзи Хоҷазода эҳдо мегардад.

 

(Давоми матлабро дар шумораи аввали моҳи январи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мехонед).


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply