…охир ба дасти малахак

ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино марди 49-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи ноябри соли 2017, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонааш шуда, аз он ҷо 5-адад телевизорҳои тамғаҳои гуногун ва 1-адад болопӯши мардона, ҷамъ ба маблағи 16630-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ноҳияи Хуросон, ки пеш бо моддаи 228 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷиноятӣ дуздӣ дастгир карда шуд.
Дар рафти тафтишот муайян карда шуд, ки номбурда бо шариконаш Алик ва Баха ном шахсон бо ҳамин роҳ санаи 17-уми ноябри соли 2017, вориди хонаи марди 35-солаи сокини кӯчаи Панҷруди пойтахт шуда, аз он ҷо 1-адад телевизори тамғаи «Самсунг” — арзишаш 5000-сомонӣ ва 16000-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Дуздони чорвои мардум аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардиданд

Ба ШВКД дар ноҳияи Бохтар марди 27-солаи сокини ноҳияи Вахш муроҷиат намудааст, ки шаби 10-уми ноябри соли 2017, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз чарогоҳи ҷамоати деҳоти Бустонқалъаи ноҳияи Бохтар, 1-сар чорвои калони шохдор, ки арзишаш 6000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 24-солаи сокини деҳаи С.Фатоеви ноҳияи Бохтарро бо ҷурми дуздӣ дастгир намуданд.
Ҳамин тариқ ин марди 24-сола шаби 21-уми ноябри соли 2017 бо ҳамин роҳ аз чарогоҳи ҷамоати деҳоти Бустонқалъа 1-сар чорвои калони шохдори марди 31-солаи сокини ноҳияи Вахшро, ки арзишаш 3300-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Бо ҳамин мазмун ба ШВКД дар ноҳияи Бохтар марди 22-солаи сокини ш.Сарбанд муроҷиат намудааст, ки шаби 28-уми ноябри соли 2017, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз чарогоҳи ҷамоати деҳоти Бустонқалъа, 1-сар чорвои калони шохдор, ки арзишаш 2000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 23-солаи сокини деҳаи С.Фатоеви ноҳияи Бохтар ва марди 21-солаи сокини ноҳияи Вахш ҳамчун гумонбар дар дуздӣ дастгир карда шуданд.

Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки шаҳрвандони мазкур шаби 5-уми ноябри соли 2017, бо ҳамин роҳ аз чарогоҳи ҷамоати деҳоти Бустонқалъа 1-сар чорвои калони шохдори зани 51-солаи сокини ноҳияи Вахш, ки арзишаш 3000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Tасарруфи молу мулки ғайр

Кормандони ШВКД дар шаҳри Норак зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 24-солаи сокини шаҳри мазкурро ҳамчун гумонбар дар тасарруфи молу мулки ғайр дастгир намуданд.

Номбурда аз санаи 25-уми апрели соли 2016 ба сифати намояндаи савдои шуъбаи фурӯши орд дар филиали ҶДММ «Зерновая компания”, ки ба зани 50-солаи сокини шаҳри Душанбе, тааллуқ дорад, то санаи 10-уми ноябри соли 2017 кору фаъолият намуда, ба маблағи 48 ҳазору 19-сомонӣ молу мулки ба ӯ бовар карда супорида шударо азони худ карда, ба эҳтиёҷоташ сарф намудааст.
Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ошкор шудани ҳолатҳои қаллобӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ марди 44-солаи сокини кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт муроҷиат намудааст, ки моҳи июни соли 2017, марди 42-солаи сокини ноҳияи Бохтар, ки пеш бо моддаи 247 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 11000-доллари амрикоиро гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.

Бо ҳамин мазмун ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи марди 42-солаи сокини кӯчаи С.Шерозии пойтахт ворид гардидааст, ки соли 2009 марди 52-солаи сокини шаҳри Ҳисор, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 5000 доллари амрикоӣ гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Гумонбаршудагон дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, ин ҳодисаҳо мавриди тафтиш қарор доранд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply