Қобилҷон Зарипов: “Оҳанги ҷавонӣ” роҳи ҷавононро мекушояд

СУҒД, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

 

Ҳафтаи гузашта меҳмони барномаи “Оила” дар Имрӯз” ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Қобилҷони Зариф буд. Аслан, мо ин марди ҳунарро ҳамроҳи писараш Комилҷон, ки иштирокчии озмуни “Оҳанги ҷавонӣ” аст, ба барнома даъват карда будем, аммо субҳи рӯзи ҷумъа ин ҷавони ҳунармандро ба шаҳри Хуҷанд даъват намуданд.

Сароғоз ровиёни барнома Фирӯза Сатторӣ ва Саъдии Зикрихудо тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бо 25-умин солгарди иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар китоби тақдири миллати тоҷик саҳифаи навро боз кард, муборакбод гуфта, шукри озодиву истиқлолият ва ободию осудагии Ватан намуданд, меҳмони барнома бошад, сурудеро бо номи “Пешво” пешкаши шунавандагони барнома гардонд. Ин тарона дар васфи сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, падару писар Қобилҷон ва Комилҷони Зариф онро бо меҳру муҳаббати бепоён нисбати сарвари Ватан сурудаанд.

Пас аз анҷоми суруд муаллиф ва барандаи барнома Фирӯза Сатторӣ андешаи Қобилҷони Зарифро перомуни озмуни “Оҳанги ҷавонӣ” пурсон шуд. Қобилҷони Зариф зикр намуд, ки бо шарофати радиои “Имрӯз” аз ин озмун хабардор гаштааст ва аз он ки мухлисон писараш Комилҷони Зарифро ба ин озмун пешбарӣ намудаанд, хурсанд аст.

-Дар ҳаёти ҳунармандони ҷавон чунин озмунҳо бисёр нақши муҳим доранд. Озмун имкон фароҳам меорад, ки ҷавонони санъаткор ҳунари худро ба мардум нишон дода, баҳои халқро ба санъаташон фаҳманд. Ҳунарманд, агар реклама надошта бошад, кораш пеш намеравад. Туфайли озмун ҷавонони боистеъдод дар байни мардум таблиғ карда мешаванд. Ман ба ҳафтаномаи “Оила” барои ин кори хайри пеш гирифтааш ташаккур гуфта, ба ҷавонон тавсия медиҳам, ки аз озмуни “Оҳанги ҷавонӣ” қафо намонанд. Ин озмун роҳи ҷавононро ба олами ҳунар мекушояд,-гуфт Қобилҷони Зариф.

Меҳмони барномаи “Оила дар Имрӯз” аз озмуни “Ситораи сол” ёдовар шуда гуфт:

-Соли 2003 ман дар як озмун, ки ҷамъияти шумо ташкил карда буд, иштирок доштам. “Ситораи сол “ ном дошт он озмун ва дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гашта буд. Субҳони Саид дар он озмун соҳиби ситораи тиллоӣ гашта, роҳхати сафар ба Эронро соҳиб шуд, ману Наҷмиддини Қаландар низ соҳиби ҷоиза гаштем. Бисёр озмуни хуб буд, дили ман баъди он озмун ба санъат гармтар шуда, сурудҳои зиёде эҷод намудам…

Дар рафти барнома сухан дар боби суруди машҳури Қобилҷони Зариф “Хушдомани нағз домода дӯст медорад” рафт ва ин марди ҳунар дар бораи модарарӯсаш нақл карда гуфт:

-Хушдомани ман Ҳасанова Сабоҳат 30 сол директори мактаб буданд ва сиёсати баланд доштанд. Мо талабагон он касро аз дурӣ дида, роҳи гурез меҷустем. Вақте ба духтарашон ошиқ шудам, аз бародаронам хоҳиш кардам, ки ба хонаи муаллима хостгорӣ раванд, вале онҳо розӣ нашуда гуфтанд, ки почеката чени курпаи худат дароз кун додар, муаллима ба ту духтар намедиҳад. Азбаски ишқи ман самимӣ буд, ду поямро ба як мӯза андохта, зорӣ кардам, ки ҳарчи бодо бод гуфта, ба хостгорӣ раванд. Ду маротиба ноумед баргаштанд, дафъаи сеюм муаллима розигӣ доданд ва мо тӯй шудем. Хушдомани ман зани тиллоӣ ҳастанд. Ин мисраҳоро барои хушдоманам ва кулли хушдоманҳое, ки нисбати домод меҳрубон ҳастанд, сароидам:

Борона бубин шибир-шибир меборад,
Келина бубин тухми шибит мекорад,
Хушдомани нағз домода дӯст медорад,
Хушдомани гандая Худо бардорад.

Чанд сол пеш Сабоҳат Ҳасанова дар озмуни “Хушдоманҷон, хушдоман”-и ҳафтаномаи “Оила” дар байни 100 хушдоман ҷойи аввалро соҳиб шуда буд. Қобилҷони Зариф ин ғалабаи хушдоманашро ба ёд оварда гуфт:

-Ман ҳар ҳафта газетаи “Оила”-ро мехонам ва аз озмун хабар доштам. Медонистам, ки хушдомани ман низ дар озмун иштирок мекунад, вале ростӣ, бовар надоштам, ки ҷойи аввал насибашон мегардад. Озмун шаффоф гузашт ва бе ягон хел шиносбозӣ хушдомани ман ҷойи аввалро гирифт. Ҳамон вақт модарарӯси ман 87- сола буданд, вале ба рафтани синну солашон нигоҳ накарда, худашон бо мошинҳои роҳ аз кӯҳистони Айнӣ ба шаҳри Душанбе омаданд. Пешниҳод кардам, ки рафта он касро гирифта биёрам, вале “писарам, шумо санъаткор ҳастед, бе ман ҳам сад ташвиш доред” гӯён, нахостанд домодашонро ғам диҳанд. Айни замон хушдоманам дар беморхона хобанд ва ман дуо мекунам, ки зудтар шифо ёфта, умре дар сари мо соя кунанд…

Суҳбати Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Қобилҷони Зариф бо шунавандагони радио басо ҷолиб ва шавқовар буд. Мухлисони барномаи “Оила” дар “Имрӯз” ин меҳмони азизро саволборон намуда, аз шунидани таронаҳои дилнишинаш ҳаловат мебурданд.

Рустам Азимӣ ва Саодатбону бо аҷоиботи олам ва хабарҳои аз ҳаёти муҳоҷирон таҳия кардаашон ба барнома ҳусни дигар зам намуданд.

Ёдрас мешавам, ки барномаи “Оила” дар “Имрӯз” ҳар ҳафта рӯзҳои ҷумъа аз соати 17-00 то 19-00 тариқи радиои “Имрӯз” пахш мегардад. Дар барномаи навбатӣ Нигора ва Суруш, ҳамроҳи падарашон Исматулло Холов меҳмон хоҳанд гашт.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply