Оғози озмуни «Биё бо ҳам бихандем»

ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

 Бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ озмуни ҷумҳуриявии телевизионии ҳаҷвнигорон таҳти унвони «Биё бо ҳам бихандем» моҳҳои январ-марти соли равон дар ду марҳила баргузор мегардад. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд.
Озмун бо мақсади дар сатҳи шоиста таҷлил намудани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, равнақи фаъолияти гурӯҳҳои ҳаҷвнигорони шаҳру ноҳияҳои мамлакат, пайдо намудани чеҳраҳои нав, ҷалби мардум ба ҳаҷву мутоиба ва истироҳати бофароғат, бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷомеа гузаронида мешавад.
Дар даври ҷамъбастии озмун ҳаҷвнигорон аз водии Ҳисор, минтақаи Рашт, ноҳияҳои шаҳри Душанбе, вилояти Суғд, ВМКБ ва вилояти Хатлон иштирок мекунанд.
Даври ҷамъбастӣ 2-3 марти соли равон дар қасри фарҳанги шаҳри Турсунзода баргузор мегардад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply