Оҳ, хола кай мемурӣ халос шавем!

Номаҳо, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Баъд аз сари модарам холаам Ҳумайро даст ба кундаи синааш зада, дар байни ҳама аҳли авлод гуфт, ки Муҳаёро худам калон мекунам ва бобою бибиам ба қавлу қасами духтарашон бовар карда, мани бе модарро ба ӯ доданд.

Як додарамро амакам гирифт, додари дигарамро тағоям ба фарзанди қабул карда, ҳамроҳи писарҳои худаш ба воя расонд, ман бошам ҳамроҳи холаам ба хонаи ӯ омадам. Духтарҳои холаам бо ман дугонаҳои ҷонӣ шуда, намемонданд, ки ба поям хоре халад. Ҳар рӯз ҳамроҳашон ба мактаб рафта меомадам. Ҳамин тавр дар хонаи холаам ман қад кашида духтари зебое гаштам. Рӯзе духтари холаам иқрор шуд, ки Маҳмадалӣ ном ҷавонро дӯст медорад ва онҳо бо ҳамдигар паймони ишқу муҳаббат баста, мехоҳанд риштаи тақдирашонро пайванданд. Ҳардуямон мисли ду хоҳар то саҳар дарди дил кардем. Ҳамон шаб холаам бедор будаасту тамоми гапҳои моро шунидааст. Саҳар қиёматро қоим намуда, маро гунаҳкор кард, ки ту духтари маро бероҳа мекунӣ. Холаам девонавор дод зада мегуфт: “Ман ту, сағераи пойлучро калон кардам, хонондам, вале бар ивази ҳама некиҳоям ту духтари маро бероҳаю шарманда мекунӣ…” Гиря карда қасам хӯрдам, ки ман ягон гуноҳ надорам, онҳо худашон шинос шудаанд. Холаам бештар асабонӣ шуда аз банди кокулонам дошта мӯйҳоямро кашид ва ба бари рӯям чунон шаппотии обдоре зад, ки аз чашмонам оташ парид. Дилдора базӯр маро аз чанги модараш халос карда, ба ҷойи очааш аз ман бахшиш пурсид. Росташро гӯям, дилам сахт озурда гашта, дигар ҳатто як лаҳза дар он хона зистан намехостам, вале ҷойи рафтан надоштам. Аз байн чанд муддат гузашту Дилдора бо ошиқаш ба тамошои шаҳр баромаданд. Ман аз ин хабар надоштам, вале холаам ин дафъа низ маро гунаҳкор намуда “сағераи сархӯр, ту духтари маро ошиқбоз кардӣ, зуд рафта Дилдораро ёфта биёр, набошад хунатро мерезам” гӯён, дар назди ҳамсояҳо маро мурданивор зада, шарманда кард. Намедонистам, ки Дилдора бо хушдораш ба куҷо рафтааст, то  баргаштани духтари холаам дар берун гиристам. Дилдора ранги кандаи маро дида, тарсид ва зориву тавалло намуд, ки ӯро бубахшам, аммо косаи сабри ман лабрез гашта буд. “Аз рӯи ту шуда холаам маро азоб медиҳад” гӯён, тамоми либосҳоямро ҷамъ кардаму ба хонаи тағоям баргаштам. Акнун фаҳмидам, ки “хола ба ҷойи модар аст” гуфтани мардум беҳуда будааст, ягон хола модар намешавад! Ба қадри модар бирасед, чунки ягона такягоҳ ва пушту паноҳи инсон модар аст. Модар, ки аз сар рафт, одам бесоҳиб, бе пушту паноҳ ва гапшунав мешудааст….

Муҳайё, н. Варзоб


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply