Нумян Чусу: тӯйи тоҷиконро дида талхакаф шудам

Номаҳо, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Духтари куриё ҳастам ва бо амри тақдир барои идома додани таҳсил ба Тоҷикистон омадам.
Пештар ба чандин давлати дунё сафар карда будам, вале меҳмоннавозии тоҷиконаро дар ягон гӯшаи олам надидаам. Тоҷикон охирин бурдаи нонашонро бо меҳмон тақсим мекардаанд. Ман аз халқи тоҷик миннатдорам, ки маро дар ватанашон бо оғӯши кушодаю дили гарм истиқбол гирифтанд ва ба шарофати ин халқи меҳмондӯст мазаи таомҳои тоҷикиро чашидам. Ягона чизе, ки маро дар Тоҷикистон нороҳат намуд, исрофкорист. Чанде пеш маро ба тӯйи арӯсиву домодии яке аз ҳамсабақонам даъват намуданд. Азбаски бо Шаҳноза дугонаҳои ҷонӣ ҳастем, ба ҷону ҳолам намонда, маро як ҳафта пеш аз тӯй ба хонаашон бурд. Дар он ҷо шоҳиди бисёр исрофкориҳо гаштам. Ман намефаҳмам, барои як арӯс 15-20 куртаи қиматбаҳо чӣ даркор аст? Модараш барои дугонаам 30-40 болишт ва 10-15 кӯрпаи калон ва 12 якандоз дӯхтааст. Намефаҳмам, ин қадар кӯрпаю болиштро Шаҳноза чӣ кор мекарда бошад? Мардуми тоҷик шояд бо ҳамин роҳ нишон додан мехоҳанд, ки фарзандашонро сахт дӯст медоранд ва ғами ӯро мехӯранд, вале ин хатои маҳз аст. Магар беҳтар нест, ки ба ҷойи ин қадар кӯрпаю болишти нодаркор ба арӯс мошинаи ҷомашӯйӣ, кулчапазаки барқӣ, мошинаи косаю табақшӯйӣ ва  дигар чизҳои барои ҳаёти ҳаррӯза заруриро бихаранд? Куртаҳои қимате, ки барои арӯсон мехаранд, қариб ҳамаашон аз матоъҳои сунъӣ тайёр шуда, ба саломатии инсон зарар доранд. Беҳтар мебуд, ки ба  ҷойи чунин куртаҳои қимати зараровар аз матоъҳои одии пахтагӣ курта дӯзанд. Барои арӯс 3-4 курта кифоя аст, чунки қариб ҳар рӯз ягон мӯди нав мебарояд. Ба ҷойи хароҷотҳои беҳуда манзили навхонадоронро обод мекарданд, нуран алонур мешуд! Гумон накунед, ки як духтари ҷавон аз Куриё омада, ба мардуми тоҷик ақл ёд додан мехоҳад. Ман ҳарчиро, ки дар кишвари шумо бо чашми худам  дидам, гуфтам, боқӣ қазоват аз шумост!

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

3 комментарий

  • Курие кучо бошад? Ин намуди тарчумаи бемаъниро дар хамин сомона дидам. Курие — Корея…

    • Ох! Бесаводе наход хамира надони дар фарханги мо ягонвакт бо забони руси Корея наменависанд Куриё менависанд. Пеш аз чумлара навиштанд ба ягон муаллими синфи якумат занг зада пурс баъд андешата навис)))

Leave a Reply