Норинисо: Дар куштори писарам зани миёнарав айбдор

ДИН ВА ҶОМЕА, СУҒД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Аз ҳодисаи куштори писарам беш аз як ҳафта гузашт, вале  ҳанӯз ҳамон зане, ки писари маро “бозича” карда, байни фарзандам ва қотилаш миёнаравӣ мекард маълум нест. Ба мо ҳамин қадараш маълум, ки он зан як бева будааст дар Автовакзал зиндагӣ мекардааст. Қотили писарам бошад Муҳаммадҷон ном ҳамсоямон аслан  доғи судӣ дорад ва дар  турма нишаста мисли дарранда  шуда буд. Ростӣ дар рӯзи равшан бинӣ ҳам дилатро ваҳм фаро мегирифт, зеро нигоҳи дурушт ва чашмони беҷо дошт. Аз замоне,  ки ба озодӣ баромадааст як писари ман не, чандин ҷавонону наврасони соддалавҳ бозичаи дасти ӯ буданд. Аз яке ба зорӣ, аз дуюмӣ бо зӯрӣ ва аз сеюмӣ бо таҳдиду аз чорумӣ бо роҳи шантаж кардан пул мерӯёнид. Аз писари ман ҳам маҳз бо роҳи таҳдид кардан то охирин тангаи ҷайбашро мегирифту баъд ӯро ба ҳоли худ мегузошт. Ҳар гоҳ, ки писарам номи-куштаандаш- Муҳаммадҷонро ба забон гирад баръало маълум буд, ки ҳисси тарсу ваҳмаш боло гирифта, рангаш дигар мешуд…

Ёдовар мешавем, ки санаи 20.08.с.2017 аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини шаҳри Хуҷанд ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштори сокини 34 солаи Чашмаи шаҳри Хуҷанд, дар хонаи зани 34 солаи ҳамин шаҳр дастгир шуда буд ва айни ҳол дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Идомаро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи «Оила» мутолиа намоед.

                                                                                                                                          Фарзона Муродӣ 

               


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply