Номаи тасаллиятӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳасани Рӯҳонӣ

Сиёсат, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба зилзилаи пурқурбонӣ дар Эрон, ба унвони президенти он кишвар Ҳасани Рӯҳонӣ номаи тасаллият фиристодааст.Дар номаи ҷаноби Раҳмон ба унвони ҳамтои эрониаш омадааст, ки «хабари заминларзаҳо дар вилояти Кирмоншоҳ ва дигар минтақаҳои ғарбии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки боиси ҳалокату захмӣ шудани теъдоди зиёди шаҳрвандон ва хисороти бузурги моддӣ гардид, моро сахт андуҳгин намуд.»Эмомалӣ Раҳмон дар ин нома ҳамдардии худро худро ба мардуми Эрон баён намуда, ба наздикону пайвандони қурбониёни тасаллият гуфт ва ба осебдидагон шифои комил орзу кард.Ёдовар мешавем, ки шаби гузашта бар асари зилзилаи 7,3-дараҷаӣ дар минтақаҳои ғарби Эрон беш аз 340 нафар ба ҳалокат расида ва беш аз 6000 ҳазор нафар захмӣ шуданд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply