Низоми фосилавӣ: Муҳоҷирон минбаъд метавонанд дар Тоҷикистон таҳсил кунанд

МУҲОҶИР, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон тасмим дорад, дар наздиктарин фурсат низоми таҳсили ғоибонаро ба таҳсили фосилавӣ табдил диҳад.

 Дар низоми фосилавии таълим донишҷӯ метавонад аз тариқи интернет дарс ва имтиҳон супурда, дар як сол як маротиба аз кори худ ба омӯзгорон ҳисобот диҳад.Аксари донишҷӯёне, ки дар низоми таҳсилоти фосилавӣ ба таълим шурӯъ кардаанд, тасмим доранд, баъди ошноӣ бо қоидаҳои таҳсилу имтиҳонсупорӣ ва дарёфти рамзу логини хусусӣ, ҳамзамон дар дохил ва хориҷи кишвар ба кори худ идома диҳанд. Ин низоми таълим ҳамчунин муҳоҷирони кории тоҷик дар Русияро ҳам фаро мегирад, ки хоҳиши гирифтани маълумоти олиро доранд.Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои бори аввал соли таҳсили 2017-2018 аз тариқи Маркази миллии тестӣ 203 донишҷӯро ба низоми таҳсили фосилавӣ қабул кардааст. Дар рӯзҳои нахустини соли нави 2018 давраи кӯтоҳи омӯзишии ин донишҷуён барои таҳсили фосилавӣ ва дастарс кардани рамз ва логини хусусӣ ҷиҳати идомаи таҳсил шурӯъ шудааст.Раҳмоналӣ Мирзоев, мудири шӯъбаи таҳсилоти фосилавӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон гуфтааст,ки  дар ин донишгоҳ, ки аз рӯи 26 ихтисос фаъолият мекунад ва аллакай вазорати маориф барои 10 ихтисос таҳсилоти фосилавиро иҷозат додааст. Вай гуфт, ҷараёни дарёфти барномаи таълиму омӯзиш ва имтиҳонсупории донишҷӯён аз тариқи барномаи махсус дар шабакаи интернет сурат мегирад ва донишҷӯ дар вақти муайян бо устод дар маркази таълими фосилавӣ иртибот мегирад.Раҳмоналӣ Мирзоев дар посух ба суоли он, ки то куҷо ҳузури донишҷӯи воқеъӣ дар он сӯи хати интернет кафолат дода мешавад, гуфт, «вақте, ки донишҷӯ кори назоратӣ месупорад, он аз тариқи вебкамераҳо бо «скайп» ё дигар шабакаҳои мухобиротӣ сурат мегирад ва ҳатман саволҳои назоратӣ бо донишҷӯву омӯзгор мустақим сурат мегирад. Ин тарафи масъала пурра ба инобат гирифта шудааст ва фикр мекунам донишҷӯе, ки барои гирифтани донишу савод маблағ сарф мекунад ҳеҷ вақт худро ҳеҷ вақт каси дигарро барои омузиш омода намекунад.»Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳадафи аслии табдили низоми ғоибона ба низоми таҳсили фосилавӣ дар муассисаҳои олии касбии кишварро дастарасии бештари ҷавонон ба таҳсили илм, коҳиши хароҷоти барзиёди хонаводаҳо дар таълими фарзандон ва мутобиқ шудан ба меъёрҳои низоми таълими байналмилалӣ унвон мекунанд.​Маҳмудхон Шоев, муовини сардори раёсати таҳсилоти олӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф 3-юми январ гуфтааст,ки  ҳоло 23 муассисаи таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон нақшаҳои таълимии таҳсили фосилавиро таҳия намуда, ба ин вазорат ирсол кардаанд. Шоев гуфт “барномаи ягонаи таълими таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо ҷалби коршиносони соҳа ва ҳамзамон мутахассисони соҳаи IT технология таҳия гардида коркард шуд”.Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, донишгоҳҳои олии кишвар имкон доранд, барои фароҳам шудани низоми таҳсили фосилавӣ дар ҳамкори бо донишгоҳҳои кишварҳои дигар марказҳои таълими фосилавиро дар назди муассисаҳои олӣ фаъол кунанд.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply