Нина 3 шавҳар карду аз бахт наосуд

Рози ситораҳо, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Даричаи ошноӣ
Ному насаб:
Наталя Варлей.
Санаи таваллуд: 22 июни соли 1947.
Ҷойи таваллуд: шаҳри Мурманск.
Касб: ҳунарманди сирк ва синамо.
Шуғли дӯстдошта: рассомӣ ва шеъргӯӣ.
Филмҳояш: “Бандии Қафқоз”, «Падари ман идеалист», «Намехоҳам болиғ бошам», «Атраксиони калон», «Тилло», «Масхарабоз», «Номаҳои куҳна», «Давраи бабалоғатрасӣ», «Марди ҳақиқӣ»…

Духтаре, ки панҷ панҷааш ҳунар аст

Наталя Варлей 22 июни соли 1947 дар шаҳри Костанеа таваллуд шуда, айёми кӯдакиаш дар шаҳри Мурманск гузаштааст. Наталя аз синни чорсолагиаш шеър менавишт ва ба хондан шавқу завқи зиёд дошт.  Худованд ба ӯ ҳунарҳои зиёде додааст, ба ғайр аз маҳорати актрисагӣ. Наталя ҳамчунин рассоми моҳир ва шиновари беҳтарин аст, аммо ҳангоми дар синфи 8-ум хонданаш якбора ба бемории вазнине гирифтор шуду духтурон ба ӯ ташхиси ревмокардит гузошта, иҷозати таҳсил кардан дар мактаби варзиширо надоданд. Охири солҳои 50-уми асри гузашта оилаи Наталя аз шаҳри Мурманск ба Москва кӯч мебанданд ва шаҳри калон роҳи  ин духтараки зебою чеҳрахандонро  ба олами ҳунар боз кард. Наталя Варлей то соли 1967 дар Сирки давлатии Москва фаъолият намуда, соли 1971 Омӯзишгоҳи театрии ба номи Б.В. Шуткинаро хатм кардааст.  Аз соли 1971 то 1978 ҳунарманди театри драмавии ба номи К.С. Станиславский шуда кор мекард.
Тасодуфи бахтовар
Баъди ба Маскав кӯчиданашон як рӯз дар кӯча тасодуфан чашми Наталя ба як эълон афтид, ки дар пештоқи бинои сирк овезон буд. Сирки давлатӣ ҷавонони лаёқатмандро ба озмун даъват мекард. Наталя боварӣ надошт, ки вай, як духтараки аз Мурманск омада аз озмун мегузарад, вале ҳарчи бодо бод гӯён, аз падару модараш пинҳонӣ худро номнавис кард. Ниҳоят рӯзи санҷиши ҳунару маҳорат низ фаро расид. Чолокӣ, ҷасурӣ, зиракӣ ва истеъдоди худододи Наталяро дида, ҳакамони озмун аз байни садҳо довталаби шаҳрӣ ин духтараки музофотиро писандиданд ва ӯро ба Омӯзишгоҳи давлатии Сирк ва фарҳанги эстрадӣ қабул карданд.
Нозанини ҳамакора
Дар баробари дар омӯзишгоҳ таҳсил намуданаш Наталя боз дар сирк кор карда, нақши масхарабозро чунон хандаовар мебозид, ки тамошобинон аз ханда қариб рӯдакан мешуданд. Леонид Енгибаров, масхарабози сирк ҳунару маҳорати нодири Наталяро дида, ӯро барои нақшофарӣ дар кино раҳнамоӣ менамуд, вале духтарак даст афшонда чандон аҳамият намедод. Соли 1966 Наталя дар намоишномаи «Гулгашти рангин» чунон бо маҳорат нақш офарид, ки коргардонҳои аз киностудия ба тамошо омада қоил шуда, ӯро ба филми навашон «Формулаи рангинкамон» даъват намуданд. Дар  ин филм Наталяи ҷавон нақши ҳамшираи шафқатро бозида муваффақ гашт ва ҳамин тавр роҳаш ба олами кино кушода шуд.
“Комсомолка, спортсменка ва просто крассавитса”
“Комсомолка, спротсменка ва просто крассавитса”-ин ибораи машҳур аз кинофилми “Бандии Қафқоз” дар замони Шӯравӣ дар саросари СССР вирди забони хурду калон буд. Калонсолон то имрӯз Наталя Варлейро ҳамчун қаҳрамони асосии ин филми мазҳакавӣ-Нинаи нозанин мешиносанд, ки ҷони Шурик, Витсин, Моргунов ва Юрий Никулинро ба лабашон меорад. Ҳамсари режиссёр  Леонид дар як суҳбаташ қайд кардааст, ки ба нақши Нина чандин ҳунармандони касбӣ даъват шуда буданд, ки хеле зебо ва шинохта ҳам буданд, вале танҳо Наталя тавонист аз уҳдаи офаридани ин нақш ба дараҷаи олӣ барояд… Дар ҳақиқат “Бандии Қафқоз” яке аз беҳтарин дастовардҳои кино дар давлати абарқудрати Шӯравӣ ба ҳисоб меравад. Наталя Варлей ва ҳамбозиҳояш нақшҳои худро чунон табиӣ ва олиҷаноб бозидаанд, ки “Бандии Қафқоз” на танҳо дар Маскав, балки дар тамоми ҷумҳуриҳои Шӯравӣ  машҳур гашта буд ва шуҳрати ин филм то имрӯз побарҷост. Дарҳои СССР ба рӯйи оламиён баста бошанд ҳам, Нинаи нозанин дар саросари ҷаҳон ҳазорон ошиқи шайдо дорад…

Зебо, машҳур, вале бе бахт
Наталя Варлей зеботарин ва машҳуртарин зани Шӯравӣ бошад ҳам, бахт ба рӯяш нахандид. Бори аввал ин паричеҳра дар синни 20-солагӣ ба коргардони шинохта Николай Бурляев ба шавҳар баромада буд, вале бо вуҷуди нисбати ҳамсараш эҳтиром ва муҳаббати зиёд доштанаш зиндагии хушбахтона насибаш нагашт. Онҳо чандон зиёд зиндагӣ накарда, бо як баҳонаи хурдакак аз ҳамдигар ҷудо шуданд. Маротибаи дуюм Наталя бо ҳамкурсаш Владимир Тихонов, писари қаҳрамони асосии филми машҳури “Ҳабдаҳ лаҳзаи баҳор” Штирлес, яъне Вячеслав Тихонов оила барпо намуд. Владимир ҳангоми дар филми «Бандии Қафқоз» нақш офариданаш ба Наталя ошиқи шайдо шуда буд. Писари Штирлетс бо рафтори намунавӣ ва чеҳраи дилкашаш дар як муддати кӯтоҳ дили ин ҷавонзани парӣ барин зебо ва машҳурро ба даст оварда, ӯро ба издивоҷ намудан розӣ кард. Наталя баъди дар шиносномаҳояшон пахш кардани муҳри никоҳ дарк намуд, ки сахт ғалат кардааст. Дар рӯзи тӯяш, ҳанӯз  куртаи сафеди арӯсиро аз танаш накашида, Наталя фаҳмид, ки дар зери ниқоби фаришта деве ниҳон будааст ва шавҳараш аз ҳама намуди маводҳои мухаддири сахттаъсир истифода мебурдааст, аммо аллакай дер шуда буд ва ӯ наметавонист дар пеши чашми меҳмонҳо аз гиребони домод гирифта талоқашро талаб намояд. Ин муҳаббати дурӯғин умри бисёр кӯтоҳ дид ва ҳамон сол онҳо расман аз ҳамдигар ҷудо шуданд.

Туҳмати хушдоман
Баъди чанд моҳи аз шавҳараш ҷудо шудан, аввалҳои соли 1972 Наталя писарчаи зебое таваллуд карда, номашро Василий ниҳод. Бори нахуст соҳиби фарзанд гаштан дар ҳаёти ҳар як зан хушбахтии бузург аст, вале таваллуди писари нахустинаш дар ҳаёти Наталя нофаҳмиҳои зиёдеро ба миён овард. Ҳамсари Вячеслав Тихонов овоза паҳн кард, ки ин кӯдак аз писари онҳо Владимир нест. Хабари бачаи ҳаромӣ зоидани Нина дар шаҳр паҳн гашта, бисёриҳо ба ин зебосанам бо чашми нафрат менигаристанд. Дар асл кӯдак аз писари “Штирлетс” буд, вале хушдоманаш бераҳмона Наталяро туҳмат карда, мехост бо ҳамин роҳ обрӯи собиқ келинашро резонда, барои писарашро партофта рафтанаш интиқом бигирад…
Бало танҳо намеояд
Магар туҳмати хушдоманаш дар бораи ҳаромӣ будани писарчаи Наталя кам буд, ки дере нагузашта ба сари ин зебосанам боз як балои дигар омад. Собиқ шавҳараш Владимир, ки ба писарчааш ҳатто як тин пул ҳам кӯмак намекард, дар ҳолати мастӣ, зӯран ба хонаи Наталя зада даромад ва маҷбуран ба номусаш таҷовуз намуд. Ин хабари нангин дар саросари шаҳр паҳн гашта, боиси ғайбат ва гапу калочаҳои бисёре шуд. Наталя қасам мехӯрд, ки  Владимир мисли мори заҳрнок ноаён ба хонаи ӯ даромад ва вай натавонист худро муҳофизат намояд, аммо душманонаш даст афшонда мегуфтанд , ки вай худаш ба оғӯши ҷавон даромадааст, то дилашро ёфта, зиндагиашро бо ӯ идома диҳад…
Ишқи тақдирсӯз
Барои аз гапу калочаи мардум халос шудан Наталя тифлакеро, ки аз ҳамбистарии маҷбурӣ бо собиқ шавҳараш дар батнаш пайдо шуда буд, исқоти ҳамл намуд ва бори сеюм ба шавҳар баромад, то ба ҳама исбот намояд, ки дилаш ба Владимир кашол нест. Худованд аз никоҳи сеюм ба ӯ боз як  писарчаи зебо дод, вале баъди тавлиди тифл якбора ҳолаш бад шуд. Табибон ӯро ҳаматарафа муоина намуда  гуфтанд, ки  ҳангоми зӯран ба номусаш таҷовуз кардани собиқ шавҳараш ба ӯ аз Владимири нашъаманд вирус гузаштааст ва Наталяи нозанин дигар ҳаргиз соҳиби фарзанд шуда наметавонад. Ҳамин тавр ишқи тақдирсӯзи писари Штирлетс- Владимир  Тихонов ҳаёти Наталяро сӯхт, вале зебосанам ин ҳамаро аз тақдиру насиб дониста мегӯяд: “Ман ҳамон тифлакеро, ки баъди ба номусам таҷовуз кардани собиқ шавҳарам дар қадам пайдо шуда буд, исқоти ҳамл намуда, куштам ва Худо барои аз фарзанд ношукрӣ карданам маро чунин ҷазои сахт дода, аз хушбахтии модар шудан маҳрум намуд…”

Писарони Нина куҷоянд?
Айни ҳол писарони Наталя Варлей мардони баркамол ҳастанд ва зиндагии мустақилона доранд. Писари калониаш Василий  Донишкадаи фарҳанги муосирро хатм намуда, ҳамроҳи оилааш зиндагии хушбахтона дорад, писари дуюмаш рӯзноманигор аст.

Бибии чаққонак
Наталя Варлей ба синни мубораки 70 расида бошад ҳам, то имрӯз бе кор нишаста наметавонад. Охирон нақшашро дар синамо вай соли 1994 бозида буд, вале робитаро аз телевизион то ҳол накандааст. Тез-тез дар барномаҳои телевизионӣ баромад мекунад, ғайр аз ин, шеърҳои олиҷаноб менависад ва онҳоро бо садои гӯшнавози худ сабт намуда пешкаши мухлисонаш мегардонад. Мо ин зани панҷ панҷааш ҳунарро бо ҷашни 70-солагӣ муборакбод гуфта, барояш умри дароз таманно мекунем!
Омодасоз: М. Давлат


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Нина 3 шавҳар карду аз бахт наосуд

  • “Комсомолка, спротсменка ва просто крассавитса” хайр хамин ва -ро низ руси менавииштед и наход дар СССР мегуфтанд: “Комсомолка, спротсменка ва просто крассавитса” дар мёни калмахо факат пайванаки ВА-ро аз забони тоочики истифода мебурданд…… хеле оли …… хандаовар ….

Leave a Reply