Nike фурӯши ҳичобҳои варзиширо ба роҳ мемонад

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Истеҳсолгари либосҳои варзишӣ ширкати Nike коркарди сарпӯши махсусро барои варзишгардухтарони мусалмон ба роҳ мемонад.

Коркарди сарпӯши махсус як сол давом ёфта, он Pro Hijab номгузорӣ шудааст. Сарпӯши мазкур аз матои сабуки мулоим дӯхта, дар он сӯрохиҳо барои ихроҷи арақ ва ҳавогузарон сохта шудааст. Ҳиҷоб барои муштариён дар се ранг – сиёҳ, хокистарӣ ва бур итеҳсол мешавад ва дар оли 2018 ба фурӯш пешниҳод мегардад.

Дар коркарди ҳиҷоб ҳамчунин худи варзишгарон, минҷумла иштирокчии Бозиҳои зимистонаи олимпии  Сочӣ бону  Заҳра Ларӣ аз Аморати Араб саҳм гузоштанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply