NGN-и нав бо номи «Салом» кушода шуд

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Ширкати мобилии “Билайн” аз роҳандозии хадамоти гуфтугӯи NGN-и худ бо номи «Салом» хабар додааст.

Рустем Тахеров, сухангӯи ширкати «Билайн» рӯзи 8-уми январ бо нашри як изҳорот гуфт, хизматрасонии «Салом» дубора фаъол карда шуд ва муштариён метавонанд аз он истифода кунанд. Ҳамаи шартҳои хизматрасонӣ тибқи алоқаи NGN-и «Салом» мисли пешин боқӣ мондаанд.

Дар идома ширкат аз муштариён барои пурсабрӣ изҳори сипос карда гуфтааст, «барои фаҳмидани вазъияти ба мо вобаста набуда, аз Шумо миннатдорем». Зимнан ширкат, мегӯяд, хизматрасонии «Салом» танҳо барои муштариёне дастрас хоҳад буд, ки расмиёти азнавбақайдгириии рақамҳоро гузаштаанд.

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар соли 2017 аз ҳамаи ширкатҳои мобилӣ хост муштариёнашонро аз нав ба қайд бигиранд ва хилофкориҳоро дар сабти номи якчанд сим-корта ба номи як нафар аз байн барад. Ин хадамот рӯзи 18-уми декабри соли гузашта бо судури як қарор, муҷаввизи ширкатҳоро барои хизматрасонии алоқаи NGN бозхонд кард.

Аммо нахуст NGN-и ширкати «Тсел» ва ҳоло «Билайн» барои муштариён дубора фаъол шуд. Дар ин миён ширкати «Вавилон» ҳам эълон кард, ки нармафзори худ барои гуфтугӯҳои NGN-и худро бо номи Mobi гап фаъол мекунад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply