Назарзода: Ягон қонунвайронкунӣ накардаам

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода гузориши телевизиони давлатиро, ки дар он тӯйи писараш Фирдавсро ҳамчун як намунаи вайрон кардани қонуни танзим аз ҷониби мансабдорон ном бурданд, беасос ва тӯҳмат меномад.

ҲАСАД ё БУХЛ?!!

Бо арзи эҳтиром ба маълумоти хонандагон мерасонам, ки чун ҳазорон падари ин сарзамин, банда низ фарзандам Назарзода Фирдавсро санаи 30.07.17 хонадор намудам. Аммо аз чӣ бошад, ки дар Телевизиони Тоҷикистон рӯзи 08.08.17 барномае пахш гардид, ки як бахши он ба тӯйи писари ман алоқаманд буд ва дар барнома аз ман ном гирифта шуд, ки гӯё дар тӯйи писарам ба қонунвайронкунӣ роҳ дода бошам. Аммо чун ҳақиқат чизи дигар аст тасмим гирифтам, ҳақиқатро ба хонандагон бирасонам.

Дар барномаи телевизионӣ гӯё оши наҳорро ман гузаронидаам ва дар он зиёда аз 300 нафар иштирок карда бошад ва меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» вайрон шуда бошад гуфта ба шаъну шарафи банда, ки яке аз ҷонибдорон ва мубаллиғони Қонуни мазкур мебошам, иснод оварда шуд. Ҳақиқат ин аст, ки оши тӯйи фарзандонам Ҳусноро ва Фирдавс бо ташаббус ва даъвати қудо — Ҳабибуллоев Тоҷиддин баргузор гардид, ки ман дар он ҳамчун меҳмон ширкат кардам ва он дар асоси иҷозатномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И. Сомонӣ аз 29 июли соли 2017, №142/8, баргузор шудааст. Тибқи санад, бояд маърака аз соати 08:00 то 11:00 баргузор мешуд, вале бо маслиҳати тарафайн он на се соат, балки ду соат баргузор шуд. Яъне тамоми даъвоҳои дар барнома буда бепоя мебошанд.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», тӯйи домодию арӯсӣ «дар давоми на бештар аз ду рӯз ба таври ихтиёрӣ бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши тӯй барои то 200 нафар аз ҳисоби ҳар ду ҷониб» гуфта шудааст. Маъракаи мазкур низ комилан ҷавобгӯ ба талаботи Қонун буда, дар он ягон банди қонун нақз нашудааст. Аммо гузориши телевизионӣ, ки оинаи ибратомӯзи миллат аст, моддаи 14-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 133 ва 134-и Кодекси мурофиавии маъмурии Ҷумҳурии тоҷикистонро нақз намуда, бар шаъну шарафи банда ва хонаводаи ман иснод овард.

Ҳамчунин, рӯзи 30.07.2017 ҳангоми баргузории маросими ақди никоҳ аз тарафи мо 4 мошини сабукрав ҷудо шуда буд. Дар тамоми хатти сайри арӯсу домод (назди хонаи арӯсу домод, ҳангоми омадан ба хонаи ақди никоҳ, дар назди Боғи Ирам, дар назди кохи Наврӯзгоҳ, дар назди тарабхонаи «Шоира-люкс”) мошинҳо дар як гурӯҳ ҳаракат мекарданд, ки комилан мувофиқи қонунгузорӣ мебошад. Мошинҳоро ҳатто кормандони БДА дар назди Боғи Ирам аз санҷиш гузарониданд ва чун қонунвайронкунӣ вуҷуд надошт, мошинҳоро раҳо карданд.

Зиёфати арӯсу домод низ, ки дар тарабхонаи «Шоира-люкс» доир гардид, мувофиқи ҚонуниҶумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор шуда, ба ғайр аз шахсони хидматрасон 150 нафар меҳмон даъват шуда буд, ки аз он 65 нафар ба ҷониби арӯс тааллуқ дошт. Вале бо таассуфи зиёд на ҳамаи даъватшудагон дар тӯй иштирок намуданд. Дар тарабхона тақрибан 110 ва ё 120 нафар иштирок намуданд.

Хулоса, таҳлили баргузории тӯй дар рӯзҳои 29.07.17 ва 30.07.017 нишон медиҳад, ки он бо риояи тамоми меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон доиршудааст.

Эҳтироми шахс дар ҷомеа дар натиҷаи фаъолияти тӯлонӣ ба вуҷуд меояд, вале бо дасисаву туҳмати чанд нафар дар як лаҳза метавонад шахс беобрӯ шавад. Қонунмеҳварӣ, ки яке аз принсипҳои асосии банда дар зиндагӣ аст ва пайдо шудани ин туҳмату буҳтор ва дасисаҳо дар ростои ман нишондиҳандаи он аст, ки ғаразварзон пайи бад кардани номи ман ҳастанд. Муҳимтар аз ҳама дар Тоҷикистон адолати судӣ ҳукмрон аст, ки ман ба он бовар дорам ва мақомоти судӣ мӯйро аз хамир ҷудо хоҳанд кард.

Бо камоли иродатмандӣ Назарзода Сайфиддин директори Китобхонаи миллӣ

 

 

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply