Хоналӣ Қурбонзода

Наврӯзро гӯё беш аз хеш мешиносам…

Слайдер, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ

Дар ёд надорам, ки Наврӯзро аз кай боз медонам. Шояд аз он замоне, ки сари по шудаму бори нахуст таъоми бо алафҳои баҳорӣ пухтаи модарро хӯрдам. Ва ӯ гуфт:

— Хӯр, бачам, ғизои наврӯзӣ кардам. Дар Наврӯз оши бурида пухтану ба ҳаққу ҳамсояҳо додан (модарам бо занҳои ҳамсоя дар дегҳои калон оши бурида ё далда пухта, ба ҳар хонаи деҳа ҳақ мебурд) савоб аст.

Ё вақте ки бори аввал бо бачаҳои деҳа «Гулгардонӣ» рафтам, Наврӯзро шинохтам. Мӯйсафеди пири деҳа бобои котиби Абдул сиёгӯши тару тозаеро, ки пайғоми наврӯзии мо буд, ба дидаҳо молиду гуфт:

-Худо то чанд Наврӯзи дигар моро расонад…

Шояд номи Наврӯзро бори нахуст он замон шунидам, ки мардони деҳа миёни ҳам машварат намуданд, то омадани Наврӯз ҷӯю ҷӯйборҳоро тоза кунанд. Падарам яке аз ташаббускорони ин маърака буд. Ва ман думболи падар медавидам, то баъди тоза кардани ҷӯйҳо омадани Наврӯзро бубинам. Бо содагии тифлона Наврӯзро гоҳ ба сурати модарам, ғамхору меҳрубон, гоҳ чун падарбузургам пири баландқомати нуронӣ тасаввур мекардам…

Пиразани ҳамсоя момои Хитойбӣ, докаи сафед дар сар ва пироҳани гулгардӣ дар тан дошт, афсонаҳои хубе медонист. Мисли ғизоҳои наврӯзии модарам дӯст медоштам афсонаҳои ӯро. Ҳар гоҳ хона меомад, аз ӯ таваллои афсона шунидан мекардем. Ёд дорам, мегуфт:

-…Деви чорсара аз ғор баромад, дид, ки Наврӯз шудааст, ҳама ҷо гулҳои наврӯзӣ баромадааст. Дев тарсида, боз дубора ба ғори Сиёҳ даромада, пинҳон шуд…

Наврӯзро дӯст доштам, ки деви бадкорро дубора ба маконаш фиристод…

Дар мактаб мехондам. Духтари навраси ҳаммактабам дар танаффус маро наздаш хонд. Коғазпечи хурдеро дода гуфт, ба таги чанори деҳа барам ва дар сӯрохии дарахт гузорамаш. Дар роҳ бо кунҷковии хоси бачагӣ коғазпечро кушодам: Дастмолаки зебои шоли осмониранг, ки гирдогирдаш бо риштаҳои сурх ороиши пар-парак ва нуги пар-парпаракҳо пулакчаҳои ранга  дошт, хеле писандам омад.  Ба он ҳайфам омад, ки дар сӯрохии дарахт бояд хобад. Аммо иҷозаи гирифтанаш надоштам. Шаб ба ёди он дастмолак то дер нахобидам. Субҳдам бо баҳонае рафтам назди Ҷамила ва вонамуд кардам, гӯё чизеро намедонам. пурсон шудам, ки чӣ буд.

— Дар Наврӯз ман ҳам ҳадяи наврӯзӣ кардам -, хандида гуфт духтарак.

Баъди солҳо фаҳмидам, ҳадяи наврӯз барои номзадаш будааст…Ҳарчанд тақдир тақдими ҳадяи наврӯзиро ба коми мо шаҳд нагардонд, вале гумонам муҳаббати Наврӯз бо дидани он дастмолаки зебои шил-шиладор, ба умеди ҳадяи наврӯзии дастдухти духтари ҳамсоя дар дилам лона гузошт…

Оре, мо, тоҷикон ва расму оийини мо он қадар тавъам ва печида бо Наврӯз аст, ки баъзан гумон мекунам, ин ҷашни муборакро ҳанӯз пеш аз ба дунё омадан медонем. Гӯё ман низ Наврӯзро қабл аз хештан мешинохтаам…

Агар китоби хотираҳои зиндагиамро варақгардон кунам, дар аксар саҳифаи он Наврӯз тавъам бо хотираҳои кӯдакиву наврасӣ ва ҷавониям сабт аст…

Ёд дорам, ҳафт-ҳаштсола будам. Бори аввал баробари омадани Наврӯз бо бачаҳо ба чидани қоқӯ рафтам. Қиблагоҳам ин гиёҳро хеле дӯст медошт.

-Қоқӯ манфиати зиёд дорад, — мегуфт ӯ.

Ба гумонам нахустин маҳсули меҳнати ман он қоқӯҳо буданд, ки сароғози заҳмату коромӯзии ман ба ҳисоб мерафтанд. Бо омадани Наврӯз ман дар коми хеш ҳанӯз ҳам таъми намакини он қоқӯҳоро эҳсос мекунам…

Ҳар сол Наврӯз ояд, маро хумори дуғи тозаи хурмаи певози модарам мегирад. Певоз гӯё тиҷорат буд, аммо хеле боинсофона, касе манфиати хешро аз манфиати дигарон боло намегузошт. Ҳар зан ба хонаи зани певоздор шир меовард ва ширро якҷоя бо ишорачуб чен мекарданд. Баъди ширро ҷурғот хобондан ва дар хурма бо чархчӯб маскаи ин ҷурғотро ҷудо карда, гирифтан зани шир оварда бо ёрии ҳамон ишорачӯб баробари шир дуғ мебурд. Ва зани певоздор то тамом шудани навбаташ равғани зард фоида мегирифт. Равғани зард мизоҷаш гарм буда, манфиати зиёде дорад ва бештар дар зимистон дар қурутобу дуғравған ва шакароб истеъмол мешуд. Дар ин доду гирифт ягона далел ишорачӯбҳо буданду бас. Оинаи имону инсофи онҳо чун шири ба певоз оварда сафеду беолоиш буд, ки дигар гӯё ҳуҷҷате онҳоро даркор набуд. Ёд дорам, модарам ба ишорачӯбҳо ҳатто даст расондани моро қатъиян манъ карда буд. Ҳар сол фасли Наврӯз он манзараи шинос ва дӯстдоштанӣ пеши назарам меояд: Дар назарам модарам боз навбати певоз дорад. Ва рӯи долони барҳавои ҳавлии падар ӯву зани ҳамсоя-холаи Тоҷигул то ба амонат хиёнат нашавад, бо ишорачубҳо шири овардаи ҳамсояро чен мекунанд. Садои паст-пасти гуфтугӯи занҳо (аз падарам, ки руи кати ҳавлӣ чой мехӯрад, шарму ибо карда, бо овози паст гап мезананд) ҳамовоз бо садои чак-чаки шираи токи пушти тиреза ба гӯшам мерасад. Холаи Тоҷигул боз аз модарам маро барои навбати пода мепурсад. Ман норизоёна сарамро таги курпа мекунам. Оҳ, модарам чаро розӣ шуд? Ман бояд дарс равам. Вале на.

— Ҳақи ҳамсоя ба ҳақи Худо баробар, бачам, — мегӯяд модарам.

Ман ноилоҷ хомӯш мемонам…

Наврӯз мисли сабақи одамдӯстӣ ва инсонигарӣ имондории модарам маро азиз аст.

Дар кӯдакӣ мо бештар бозии чилликдангалро дӯст медоштем. «Зу-у-у» гуфта, бо як нафас ва як дам то марра расидан даркор буд, вагарна мағлуб мешудӣ. Аҷиб он буд, ки фасли баҳор мавсими авҷи ин бозӣ буд. Ман дар бозӣ низ мисли таҳсил масъулият дарк карда, аз кӯдакӣ мағлубиятро дӯст намедоштам. Пешсаф буданро аз қиблагоҳ омӯхта будам. Мехостам, дар бозиҳо фаъол бошам, то падар аз ман ифтихор кунад…

Наврӯз бароям чун панди падар сароғози дарки масъулиятшиносист…

Фасли баҳор меомаду дар деҳаи мо мавсими намадрезӣ оғоз мешуд. Он замон ба харидани қолинҳо зӯри ҳар кас намерасид ва баъд камёфт буданд, ки танҳо хонаҳои сарватмандонро зеб медоданд. Ва аксари ҳамдеҳагони ман дар хонаҳои хеш намадҳои зебову хушранг доштанд. Намадро аз пашми гӯсфанд тайёр мекарданд. Аксари хонаводаҳо гӯсфанд дошт, ки ҳар сол як бор пашми онро метарошид. Пашмро шӯста, бо пашмзан (асбоби махсус барои аз ҳам ҷудо ва нарм кардани  торҳои пашм) мезаданд. Як миқдор пашми сафедро пеш аз задан ранг мекарданд: ранги сурх, гулобӣ, зард, сабзу кабуд. Пас устои намадрез болои матои сахт тарҳи намадро мерехт. Аз рӯи завқу салиқа онро бо пашмҳои ранга гул партофта, ороиш медод. Сипас матои болояш намадрехтаро мепечонданд ва бо риштае сахт баста, ин тарафу он тараф ғел мезанонданд. Ҳангоми ғелондан гоҳ-гоҳ ба зонӯ зада, онро бо даст низ мекӯфтанд. Ин ҳолат се-чор соат, ё аз ин бешу кам давом мекард. Танҳо баъди ин пашм сахт шуда қолаби намадро мегирифт. Дар рӯи ҳавлӣ дар дегҳо шӯрбо ва дар самовар чой меҷушид. Ҳашари намадрезӣ мисли як тӯй буд, ки ҳар марди деҳа аз рӯи ҷавонмардӣ ва орияти деҳдорӣ бояд дар он иштирок мекард. Ҳатто мӯйсафедони солхӯрда, ки мисли ҷавонҳо дигар зӯру бозӯи намади ханӯз нотайёри дар матоъ печондаро ба ин тарафу он тарафи кӯча ғелонда-ғелонда бурдан ва гоҳ-гоҳ онро бо мушт кӯбидан надоштанд, ба хонаи намадрезу намаддор омада, ӯро муборак мегуфтанд ва дуо мекарданд, болои намади наваш ба хушӣ рӯз бинаду тӯю сур кунад. Мо бачаҳои хурдсолу наврас дар ин маърака ба калонсолон дастёр будем. Дӯст медоштам, ки бо баҳонаи ҷойҷӯшонӣ ва дастобрезӣ (меҳмонони маърака, мӯйсафедон ва мардони намадрез пеш аз сари хон нишастанд, даст мешӯстанд) ба суҳбати пирони деҳа, ки дар болои кат баҳузур менишастанд, гӯш диҳам. Суҳбати онҳо мисли афсонаҳои момаи Хитойбӣ ҷолибу шуниданбоб буд. Ҳар кадом аз гузаштаи мароқангези хеш қиссае дошт, ки шаммае аз онро ман дар намадрезӣ мешунидам.

— Дар Наврӯз намад (яъне, намади нав) бахосият мешавад,-мегуфт пири барӯманди деҳа бригадири собиқадор бобои Маҳмадулло…

Имрӯз дар замони рушди босуръати техника дигар ба намад гӯё эҳтиёҷе нест. Бозорҳову мағозаҳо пур аз қолинҳои рангаву зебои хориҷиву ватанӣ шудааст. Хонаву манзили ҳар нафарро қолину палосҳои хушранг оро медиҳанд. Вале ҳар сол Наврӯз ояд, пеши назарам гулҳои зебои намади хушранг ва косагулҳои гирдогирдаш, ки бо гузашти замон дарк кардам, нишони ориёиҳо буд, падидор мегардад. Ва бо гузашти айём ба бузургии ин миллат бори дигар иқрор мешавам. Охир на бобои Маҳмадулло на бобои Давлаталӣ намедонистанд, ки аҷдодони онҳоро ориёӣ меномидаанд ва онҳо аз нажоди ориёиҳои тамаддунофаранд. Вале ин косагулҳо, ки рамзи чаҳорпарадори ориёиҳост, дар намадҳои хушсохту хушранг, дар куртаву чодарҳои чакани дӯшизаҳову занҳо, ҳатто дар миёнбанди гулдузии мардҳо аз насл ба насл ба мерос омад. Ва Наврӯзро, ки дар хеш ин суннатҳои волоро ғунҷоиш додаст, гӯё беш аз хеш мешиносам…

Афкори миллати тамаддунофари ман, ки аз се мафҳум иборат аст;

Пиндори нек,

Гуфтори нек,

Рафтори нек, на танҳо хислатҳои ҳамидаи инсониро, балки ахлоқу одоб ва сохтану обод кардан, шодоб кардану коштанро низ талқин менамояд. Ёд дорам, падарам ҳамеша мегуфт:

— Вайрон кардан осон, бунёд кардан душвор. Кӯшиш кунед, ҳама вақт афроди бунёдкор ва созанда бошед на вайронкору сӯзанда…

Ҳоло бисёр андеша мекунам. Сабақи зиндагӣ таълимам дод,   то фарди худшиносу худогоҳ бошам. Ва ба таърихи Наврӯз низ чун нишони тамаддун ва фарҳанги волои ниёгон аз наздик ошно гардам. Наврӯз ҷашни аҷдодист. Он таърихи бой ва қадима дорад. Доир ба таърихи ин ҷашни фархунда аҳли қалам ба хусус олимону адибон ва муттафакирони барҷаста Муҳаммади Наршахӣ, Умари Хайём, Абурайҳони Берунӣ, Муҳаммади Табарӣ, Алиакбари Деҳхудо, К. А. Иностранусов, И. С  Брагинский, Р. Аҳмадов ва дигар бузургони илму адаб суханҳои бисёр гуфтаанд ва рӯи коғаз овардаанд. Манзур аз қалам ба даст гирифтан ё бо ибораи имрӯз паси компютер нишаста, ҳарф паси ҳарф дар оинаи навори он чидан ин аст, ки анъана ва урфу одатҳои пешинаи аҷдодонро аз хотир набарорем.

Боиси сарфарозист, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашн бо қарори ЮНЕСКО ҷашни байналмиллалӣ эълон гардид. Наврӯз ва суннатҳои наврӯзӣ, ки аз фарҳанги волои миллати тоҷик дарак медиҳад, дар ганҷури маърифат ва кохи тамаддуни башар чун хирадномаи ҷовидонӣ маҳфуз хоҳад монд. Омадани иди Наврӯз ва таҷлили суннатҳои наврӯзӣ, ки пораҳои хотираҳои зиндагии мову шумо ва дастури хираду маърифат барои ояндагонанд, муборак бошад, азизони дил.

Хоналӣ  Қурбонзода, ректори  муассисаи  давлатии «Донишкадаи  ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомузии кормандони соҳаи маориф»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон


Поделиться новостью в социальных сетях:

11 комментарий

  • Ташаккур Устод Хонали Курбонзода. Ин маколаро хонда хурсанд шудам, чаро ки Шумо бо услуби мардуми хеле зебою сода ва равон навиштаед. Мо бо Шумо ифтихор дорем устоди гироми.

  • Салом ба сомонаи Точиктаймес. Нагз кардед, ки дар арафаи иди навруз хаминхел маколахои чолибу хонданбоб чоп кардед. Акои Хонали маорифчии пуртачриба ва сиёсатмадори барчаста мебошад. Мо омузгорони шахри Душанбе аз фаъолияти у хеле хушхолем. Навиштахояшро хам дар матбуоти муоссир хонда меистем. Ба мавзуи Наврузи даст задани Акои Хонали бехуда нест. У ки мардуми аст доимо аз фаъолияти мардуми деха навишта хотири онхоро ва рухи гузаштагонро зинда мегардонад. Бори дигар ташаккур акои Хонали Курбонзода.

  • УАчибстод Хонали нависандахам будаанд. Ин ачиб аст.

    • Хар эчоде, ки аз хаёт навишта мешавад, хонданибоб аст.
      Устоди азиз,бароятон куллахои баланди касби хохонем. Хамеша муваффаку сарбаланд бошед. Мо бо Шумо мефахрем!

  • Ба Мурод. Ба диккати Шумо мерасонам, ки Акои Хонали муалифи китобхои «Ифтихори ватандори барои синфхои 5» «Шахпари инсон» , «Агар ахли маориф бигзарад, боки бувад номаш»,, Фуруги ирфонии Вахш», «Ёд бод он рузгорон» ва дигар китобхо мебошад, ки дар байни маорифчиёни кишвар ба худ обруи хосаро касб кардааст. Хонали Курбонзода гуфтан мумкин аст шиносномаи миллат аст.

  • Хар эчоде, ки аз хаёт навишта мешавад, хонданибоб аст. Устоди азиз бароятон куллахои баланди касби хохонем! Хамеша муваффаку сарбаланд бошед! Мо бо Шумо мефахрем!!!

  • Маколаи хонданибоб. Пайки наврузи ба кулли мардуми ватандустдор. Ташаккур устод Хонали Курбонзода барои ин гуна маколаи чолиб

  • «Оинаи имону инсофи онҳо чун шири ба певоз оварда сафеду беолоиш буд, ки дигар гӯё ҳуҷҷате онҳоро даркор набуд.»Хак аст.Кани ун имону инсоф?Ахсан,устод,Хонали,таомулхои хуби точиконаро эхё кардед.Дар махалли мо «певоз»-ро «хамшир» мегуфтанд.

  • хондаму халоват бурдам аз нааиштачоти устоди мухтарам Хонали. бисёр суханхои фахмои точикона. Наврузатон муборак!!!

  • хондаму халоват бурдам бисёр маколаи ачоиб. Суханхои фахмои точикона. Ташаккур барои ингуна маколаи пурмазмун устоди мухтарам Хонали.

  • Хар эчоде, ки аз хаёт навишта мешавад, хонданибоб аст. Устоди азиз бароятон куллахои баланди касби хохонем! Хамеша муваффаку сарбаланд бошед! Мо бо Шумо мефахрем!!!

Leave a Reply