Нашри 7 – ҷилдаи Аскар Ҳаким

СУҒД, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

«Маҷмуаи осор»-и Шоири халқии Тоҷикистон, адабиётшинос ва мунаққид Аскар Ҳаким дар 7 ҷилд тариқи нашриёти «Ношир»-и Хуҷанд аз чоп баромад.
Ин ҳафтҷилда бо дастгирии молии раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ нашр шудааст.
Китоб фарогири мунтахаби ашъори шоир (ҷилдҳои 1 ва 2) осори адабиётшиносӣ (ҷилди 3), нақду барассӣ ва портретҳои адабӣ (ҷилди 4), тарҷумаҳо (ҷилди 5), мақолаҳо (ҷилди 6) –и мунаққид аст. Ҳамчунин, дар ҷилди ҳафтум мақолаҳое нашр шудаанд, ки дар бораи эҷодиёти Аскар Ҳаким баҳс мекунанд.
Аскар Ҳаким, Шоири халқии Тоҷикистон, Барандаи ҷоизаи адабии ба номи Рӯдакӣ буда, дар нақду барассӣ ва адабиётшиносии тоҷик мавқеи намоён дорад ва номзади илмҳои филология аст. Номбурда соли равон 70 сола шуд ва чопи мунтахаби осор низ ба ин муносибат аст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply