Нафақаи 4785 нафар манъ шудааст.

ИҚТИСОД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон мегӯяд, ки пардохти нафақаи қариб 5 ҳазор нафақахӯрро боздоштааст. Назокат Одиназода, муовини якуми директори Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ рӯзи 17-уми июл зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, феълан пардохти нафақаи 4785 нафақахӯр бо сабаби муоинаи такрорӣ, муваққатан манъ шудааст.

Хонум Одиназода гуфт, сарфи назар аз ин, дар шаш моҳи аввали соли равон теъдоди нафақахӯрон дар кишвар 26057 нафар ё 3.9 дарсад афзудааст. Ба иттилои теъдоди нафақагирон феълан дар Тоҷикистон 660 ҳазору 610 нафарро ташкил медиҳад. Андозаи нафақа дар Тоҷикистон дар нимсолаи аввал ба 272 сомонӣ расидааст. Мақомот мегӯянд, ин рақам нисбат ба соли гузашта 42 сомонӣ бештар мебошад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply