Н. Шоҳиён: Баҳогузории рейтингӣ ба рушди инноватсионии Тоҷикистон замина мегузорад

Сиёсат, Слайдер, ТОҶИКИСТОН, ХАТЛОН

Шоҳиён Нуралӣ Набот- ректори Донишгоҳи давлатии Данғара

Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои гуногуни сиёсати дохил ва хориҷи кишвар бахшида шудааст. Дар Паём Пешвои миллат баён намуданд, ки: “Мо ҷонибдори рушди минбаъдаи равобити Тоҷикистон бо ин гурӯҳи кишварҳо, ки шарикони муҳимми байналмилалии мо маҳсуб мешаванд, дар асоси усулҳои ҳусни тафоҳум, эҳтироми якдигар ва барои ҷонибҳо судманд мебошем”. Чунин масъалагузориҳои Президенти мамлакат моро ба он ҳидоят менамояд, ки бо истифода аз имкониятҳои иқтисодӣ, равобити фарҳангӣ ва муносибатҳои дипломатӣ дар раванди татбиқи сиёсати “дарҳои кушода”-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро кулли сокинони кишвар ва сохторҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ муваффақона дар амал татбиқ намуда, беҳтарин музаффариятҳои бадастовардаи Тоҷикистонро ба ҷаҳониён шоиста муаррифӣ карда тавонанд, чунки вобаста аз манфиатҳои геополитикӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар симои ин ё он давлат эътимоднокии шарикӣ ва ҳамкории давлатҳо метавонанд дар кӯтоҳтарин лаҳза тағйир ёбанд ва ин ҳолат ба он водор менамояд, ки бояд роҳ ва усули ҳамкориҳои судманди давлатҳо аз ин нуқта таҷдиди назар карда шавад. Вобаста ба чунин масъалагузорӣ, савол ба пеш меояд, ки кадом меъёрҳо ва мавқеъгирии сокинони кишвар, вазорату кумитаҳо ва дигар сохторҳои сатҳҳои гуногуни идоракунӣ бобати расидан ба ҳадафҳои стратегӣ марҳила ба марҳила баҳогузорӣ карда шуда, то чї андоза пешрафти соҳаҳои ҷавобгӯ ба талаботи давлатҳои дигар, ки бо якдигар рақобати шадид доранд, ҳамоҳанг мебошад. Бинобар ин дар доираи хулосабарорӣ бо мазмуну мундариҷаи Паём пешниҳод карда мешавад, ки бо истифода аз таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ва баҳогузорӣ ба дастовардҳои давлатҳо таҷрибаи баҳогузории рейтингии соҳаҳо, рушди минтақаҳо, вазорату кумитаҳо мавриди омӯзиш ва татбиқ қарор гирад. Дар назар аст, ки иқдоми мазкур метавонад ба эҷоди фазои рақобатпазирӣ ва рушди инноватсионии соҳаҳо, идораи донишҳо ва истеъдодҳо, тағйирот ва навгониҳо мусоидат намояд. Ҳамзамон ҳар як вазорату кумита ва сохторҳои дахлдоре, ки онҳо масъули дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, дар таҳия ва татбиқи моделҳои гуногуни таъмини бехатарии иқтисодиёт, таъмини фазои иттилоотӣ, бехатарии озуқаворӣ ва баланд бардоштани нерӯи инсонии кишварро таҳия намуда метавонанд, дар амал татбиқ намоянд. Њоло дар ҷаҳон шартан 16 мушкилоти глобалӣ вуҷуд дошта, барои ҳар як давлати ҷаҳон ҳалли ин мушкилот ба тарзи хос арзёбӣ мегарданд.
Боиси тазаккур аст, ки дар суханронии Пешвои миллат якчанд маротиба баҳогузории рейтингии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ дар соҳаҳои гуногун таъкид гардид. Аз ин нуқтаи назар муфид мебуд, ки мафҳуми калимаҳои вобаста ба шарҳи мафҳумҳои рейтинг, баҳогузории рейтингӣ, рейтинги корхона, рейтинги соҳа ва дигар сохторҳои гуногуни сатҳи ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ аз нигоҳи боварӣ бахшидан ба фаъолнокии инноватсионӣ ва рақобатпазирӣ, эътимоднокии ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо давлатҳои ҷаҳон ва дигар масъалаҳо аҳамияти хоса дода шавад, ки ба рейтинги љалбнокии сармоявии шањру ноњияњо ва вилоятњои љумњурї таъсири мусбӣ метавонад расонад. Аз ин рӯ, дар доираи хадафҳои гузоштаи масъалаҳои рушди стратегии мамлакат аз ҷониби Пешвои миллат татбиқи навгониҳо ва таҳияи меъёрҳое зарур мебошанд, ки бо истифода аз онҳо ба фаъолнокӣ, соҳибмаърифатӣ, таваҷҷуҳ ба соҳибкорӣ, тақвият бахшидани нерӯи инсонӣ дар ҳар як ҳолати алоҳида — аз сатҳи поён то боло татбиқ гардад. Ҳамчун қадами аввал муфид мебуд, ки “Кодекси рафтори наҷиби шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул карда шуда, дар асоси ин ҳуҷҷат ба имиҷи накӯандешии ҳар як шаҳрванд, соҳаву ширкатҳо дар доираи ҳамкориҳо, татбиқи навгониҳо муносибати волои касбӣ, натиҷагирӣ аз фаъолият ва дигар дастовардҳо баҳогузорӣ карда шаванд. Мусаллам аст, ки ҳатто аз рафтору кирдори як сокини кишвар асоси баҳогузорӣ ба ахлоқи ҳамида ва ё баръакси он намояндаи миллат баҳогузорӣ карда шавад. Одитарин мисоле, ки дар доираи татбиқи кодекси номбурда метавон хотиррасон кард, ҳолате мебошад, ки “агар ҳар як корманд, олим ва ё дилхоҳ намояндаи Тоҷикистон, ки наметавонад забони муоширатро дар сатҳи баланди касбӣ дар конференсияҳо ва симпозиумҳои байналмилалӣ дастоварҳои илмӣ ва ё музаффариятҳои кишварро муаррифӣ карда тавонад” бояд аз ин кор худдорӣ намояд, чунки имиҷи муаррификунандаи “намояндаи миллат” дар ин ҳолат аз ҷониби дигарон нодида гирифта намешавад. Айнан ба ҳамин мазмун, ба имзо расонидани шартномаю созишномаҳо ва иҷро накардани онҳо аз ҷониби ширкатҳою бизнес-сохторҳо дар доираи шартҳои пешбинишуда, канораҷуйӣ ва ноуҳдабороии онҳо сабаби ранҷидан ва паст задани манзалати “намояндаи миллат” гардад. Бинобар ин, бояд ҳар як шаҳрванди огоҳманди кишвар, ки дастовардҳои Пешвои миллатро эҳтиром ва қадршиносӣ менамояд, дар доираи кодекси ишорагардида тамоми нерӯи зеҳнӣ ва таҷрибаи хешро барои расидан ба ҳадафҳои пешравии Тоҷикистон ва муаррифии он ба ҷаҳониёнро барои худ шарафрафмадию ифтихори миллӣ шуморад.
Таҳлили пешрафти иқтисодӣ ва шукуфоии бисёре аз давлатҳои ҷаҳон, махсусан кишварҳое, ки ба “палангҳои осиё” мансуб дониста мешаванд, асоси заминаи боэътимоди пешрафти техникию технологии онҳоро баҳогузории рақобатпазирӣ аз нигоҳи идораи ақлҳо ва донишҳо мансуб дониста мешавад. Таҷрибаи мазкур барои кишвари мо низ метавонад вобаста ба ҳар як самти фаъолияти соҳаҳо, дастовардҳои шаҳру ноҳияҳо, вилоятҳо, корхонаҳою ширкатҳо ва дигар соҳаҳо мавриди омӯзиш ва татбиқ қарор гирад. Вобаста аз талаботи заминавӣ баҳогузории рейтингӣ ин масъала ба тарзи мураккаби методологӣ ва ё содагардонидашуда метавонад ба роҳ монда шуда ба маҷмӯи ин талаботҳо метавонанд ба меъёрҳои зерин мансуб бошанд: таъмини сифат ва рақобатпазирии махсулот дар доираи Созмони умумиҷаҳонии савдо (1), нишондодҳои истеҳсоли корхонаю ширкатҳо аз нигоҳи даромадҳои софи бадастомада (2), фаъолнокии инноватсионии корхона (3), рушди корхона дар ҳар як марҳилаи баҳогузорӣ вобаста аз вазифаҳои истеҳсолӣ ва ҳадафҳои рақобатпазирӣ (4), омӯзиш ва татбиқи технологияҳои нави истеҳсолӣ дар корхона (5), таҷрибаомӯзии кормандон дар дохил ва хориҷи кишвар (6), ихтирооти истеҳсолии корхонаҳо (7), фаъолнокӣ ва натиҷагирӣ аз равобити бурунмарзии иқтисодии корхона (8), истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолии корхона (9), иҷрои ӯҳдадориҳои андоз (10), пардохти саривақтии хизматҳои коммуналӣ (11), ташкили ҷойҳои фурӯш ва муаррифии маҳсулоти истеҳсолшавандаи корхонаю ширкатҳо дар дохил ва хориҷи кишвар (12), таҳияи сомонаи фаъол ва тарғиби дастовардҳои корхона (13), истифодаи технологияҳои навин оид ба коркарди партовҳои истеҳсолӣ (14), иҷрои талаботи санитарӣ дар дохили корхона (15), иҷрои талаботи экологӣ вобаста аз ҳифзи муҳит (16), баландравии мунтазами сатҳи зиндагӣ- маоши кормандону хизматчиёни корхона (17), фаъолияти эҳсонкории корхона (18), донистани якчанд забонҳои коргузорӣ ва муошират аз ҷониби кормандон ва мутахассисони соҳавии истеҳсолӣ (19), татбиқи ҳамаҷонибаи низоми ҳукумати электронӣ (20). Руйхати меъёрҳои баҳогузории ишорагардида метавонанд вобаста аз шакл ва хусусиятҳои истеҳсолот давом дода шуда, ҳадафи ниҳоии муайян намудани сатҳи рақобатпазирӣ ва пазируфтани дастовардҳои беҳтарин ва қадршиносии онҳо бобати таъсис ва сарфарозгардонии Ҷоизаҳои махсуси сифат мебошад. Барои мисол, барои ҳар як банди меъёри дар боло ишорагардида баҳогузории рейтингӣ-холгузории мусбӣ аз 0 то 100 хол метавонад сурат гирад. Њамзамон холҳои пасткунандаи натиҷаи умумӣ низ ҳамчун манбаи иттилоотии огоҳмандӣ оид ба соҳиб гаштан ба ҷоизаҳои соҳавӣ метавонад ҷой дошта бошад. Дар навбати худ он корхонаю ширкатҳое, ки ғолиби Ҷоизаи сифат мегарданд, муфид мебуд, ки ҳамчун марказҳои тақвиятбахшии донишҳои навин барои толибилмон аз нигоҳи аз худ намудани техника ва технологияҳои навин ва дошинҳои замонавӣ гарданд. Ҳоло набудани робитаи доимӣ байни таълимгоҳҳо ва корхонаҳои пешрафт яке аз мушкилоти асосии дар тавозун набудани “миқдори мутахассисони соҳибдиплом” ва “эҳтиёҷот ба онҳо” аз ҷониби корфармояндагон ба ҳисоб меравад. Чунин мавқеъгирӣ метавонад яке аз меъёрҳои асосии баҳогузории рейтингӣ барои фаъолияти вазорату кумитаҳо ва дигар сохторҳое, ки аз муваффақияту дастовардҳои онҳо рушди босуботи кишвар вобастагӣ дорад, таҳия гардад. Зеро оид ба ҳалли ин масъалаҳо дар Паём бо чунин мазмуну муҳтаво оварда шудааст:
“Ҳалли муваффақонаи масъалаҳои рушди минбаъдаи кишвар, пеш аз ҳама, бо самаранокии низоми идоракунӣ, баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ, бартараф намудани монеаҳои сунъӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ алоқаманд мебошад”.
Рушд ва пешравии иҷтисодию иҷтимоии ҳар як шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар маҷмӯъ рақобатпазирӣ ва рушди босуботи мамлакатро таъмин менамояд. Бинобар ин, мувофиқи мақсад мебуд, ки ба кору фаъолияти ҳамаи сохторҳо, новобаста аз шакли моликият, таҷрибаи баҳогузории рейтингӣ ва беҳтарин дастовардҳои шаҳру ноҳияҳо муайян карда шуда, дар асоси шартҳои озмун модели беҳтарини рушди минтақаҳо вобаста аз имкониятҳои иқтисодӣ қадршиносӣ карда шаванд. Ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои мазкур, шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон метавонанд дар асоси имкониятҳои ба якдигар монанди иқтисодию иҷтимоӣ гуруҳбандӣ карда шуда, дар доираи ин ҳамбастагӣ фазои расидан ба беҳтарин натиҷагирии ҳадафҳои стратегии рушди нерӯи инсонӣ баҳогузорӣ карда шавад. Мафҳуми “гуруҳбандӣ”-и шаҳру ноҳияҳо вобаста аз меъёрҳои муайяншуда метавонад бо истифода аз назария ва амалияи методологии илми минтақашиносӣ асоснок карда шуда, аз ин нуқтаи назар чунин дастовардҳо муҳим арзёбӣ шуморида мешаванд, ки хусусиятҳои хоси рушди деҳаҳо, ҷамоатҳо, шаҳракҳо, ноҳияҳо, шаҳрҳо ва вилоятҳо дар пайдарҳамии мантиқии рушд фаро мегирад:
— Баҳогузорӣ ба ҳолати воқеї ва фаъолнокии маҷмӯи иншоот, корхона ва дигар бахшњое, ки бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни ифтитоҳ бахшида шуда буд;
— Баҳогузории зина ба зина баланд шудани нишондодҳои маҷмӯи маҳсулоти дохилии маҳаллӣ: (ноҳия, шаҳр,вилоят) дар алоҳидагӣ;
— Ташкили ҷойҳои нави корӣ аз нигоҳи ҷалби аҳолии аз ҷиҳати иқтисоди фаъоли ноҳия ( шаҳр, вилоят), дар доираи нишондодҳои омории тақсими аҳолӣ;
— Дарёфти роҳ ва усули баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ- музди меҳнати кормандони соҳаҳои гуногуни ноҳия (шаҳр, вилоят) аз нигоҳи татбиқи технологияҳои навин;
— Татбиқи усулҳои муосири рушди соҳибкорӣ бо дарназардошти ташкили ҷойҳои нави кории ҳарактери ҳифзи иҷтимои ва навгонидошта;
— Баҳогузории самаранокии истифодаи буҷаи маҳаллӣ дар рушди босуръати соҳаҳои гуногуни фаъолият;
— Истифодаи роҳ ва усулҳои гуногуни дарёфти сарчашмаҳои молиявии иловагии баромадан аз ёрии молиявии буҷети ҷумҳуриявӣ;
— Истифодаи самаранокии захираҳои рушди кишоварзӣ бо истифода аз агротехнологияҳои навин — барои ноҳиявҳо, ё ин ки барои таҷрибаи шаҳрдорӣ- истифодаи дастовардҳои илмӣ технологӣ дар балан бардоштани самаранокии меҳнат ва татбиқи навгониҳои истеҳсолӣ;
— Баҳогузории самаранокии робитаи берунмарзии иқтисодии ноҳия (шаҳр,вилоят) ва натиҷагирӣ аз нишондодҳои содироти маҳсулоти ватании ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ;
— Дастраси ва фарогирии умуми сокинони шаҳраку ноҳияҳо ба оби ошомидани бо истифода аз технологияҳои муосир;
— Дастраси ва фарогирии умумии инфрасохтории таъминот аз нигоҳи иҷрои талаботи шаҳрдории ҳамаи инфрасохторҳои ба фаъолият ва зисти инсон вобаста;
— Баҳогузории вазъи хизматрасонии ошхонаю тарабхонаҳо аз нигоҳи иҷрои талаботи рушди туризм ва қабули меҳмонон дар доираи арзишҳои миллӣ ва стандартҳои ҷаҳонӣ (ноҳия,шаҳр,вилоят) дар алоҳидагӣ;
— Баҳогузории вазъи санитарию гигиении бозор ва марказҳои савдо бо назардошти талаботи рушди туризм ва қабули меҳмонон аз хориҷи кишвар (ноҳия, шаҳр,вилоят) дар алоҳидагӣ;
— Баҳогузории ҳолати санитарию экологии кӯчаю роҳравҳо (ноҳия, шаҳр,вилоят) дар алоҳидагӣ;
— Иҷрои талаботи зебосозӣ ва беҳсозии муҳит (ноҳия, шаҳр,вилоят) дар алоҳидагӣ;
— Баҳогузории натиҷавӣ аз пардохти андозҳо ва иҷрои ӯҳдадориҳои аз ҷониби шахсҳои ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар доираи талаботи қонунгузориҳо (ноҳия, шаҳр,вилоят) дар алоҳидагӣ;
— Баҳогузории фаъолияти системаҳои бонкдорӣ ва дастрасии сокинон ба онҳо (ноҳия, шаҳр,вилоят) дар алоҳидагӣ;
— Ҳифзнамоии аз ғализшавии муҳит ва коркарди партовҳо бо истифода аз технологияҳои навин дар (ноҳия, шаҳр,вилоят дар алоҳидагӣ);
— Баҳогузории вазъи соҳаи маориф аз нигоҳи татбиқи навгониҳои педагогӣ ва дастовардҳои толибилмон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ ва ихтироъкорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти зинаҳои гуногун;
— Баҳогузории вазъи соҳаи тандурустӣ аз нигоҳи дастраси ба истифодаи технологияҳои муосир, ташхиси бемориҳо, ва сатҳи хизматрасонӣ ва касбияти табибон: дар сатҳи ҷамоати деҳаҳо (ноҳия, шаҳр,вилоят дар алоҳидагӣ);
— Баҳогузорӣ ба истифодаи самараноки заминҳо ва ҳосилнокии махсулоти кишоварзӣ бо истифода аз технологияҳои навин гирифтани якчанд ҳосил (ноҳия, шаҳр,вилоят дар алоҳидагӣ) ;
— Баҳогузории дастовардҳо ва истифодаи техникаю технологияҳои навин дар раванди ташкили корхонаҳои инноватсионӣ ва коркарди махсулоти кишоварзии ба содирот равонкардашуда: (ноҳия,шаҳр,вилоят дар алоҳидагӣ);
— Баҳогузорӣ ба сатҳу сифати роҳҳо ва фаъолиятнокии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ва дигар сохторҳо оид ба азнавсозӣ, беҳсозӣ ва бунёди роҳҳои нав: (ноҳия, шаҳр,вилоят дар алоҳидагӣ);
— Баҳогузории дастгирии соҳибкории хурду миёна ва рушди ҳунармандӣ бо истифода аз грантҳо ва ҷалби сармоягузорӣ ба рушди нерӯи инсонӣ: (ноҳия, шаҳр,вилоят дар алоҳидагӣ);
— Таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои рушди ноҳия (шаҳр,вилоят) ва бадастовардани ғолибият дар озмуни дарёфти грантҳо;
— Баҳогузорӣ ба руҳияи худшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои ниёгон аз нигоҳи дурҷӯйӣ аз бегонапарастии сокинон: (ноҳия, шаҳр,вилоят дар алоҳидагӣ);
— Баҳогузорӣ ба дигаргунсозиҳо, суръат ва сифати соҳаи меъморӣ ва шаҳрдорӣ: (ноҳия, шаҳр,вилоят дар алоҳидагӣ);
— Баҳогузорӣ ба ташкили фазои созгори рушди соҳаи туризм аз нигоҳи дастраси ба хизматрасониҳои сатҳи баланд: (ноҳия, шаҳр,вилоят дар алоҳидагӣ);
— Баҳогузорӣ ба тарз ва усули муосири хизматрасонии соҳаҳои гуногуни эҳтиёҷмандии мардум:(ноҳия, шаҳр,вилоят дар алоҳидагӣ);
— Баҳогузорӣ ба вазъи истифодаи китобхонаҳо ва таъмини онҳо бо адабиётҳои навини маҷмӯи қонунгузориҳо, маҷаллаҳо ва дигар маводҳои тарғиботӣ;
— Баҳогузорӣ ба дастрасии сокинони шаҳру ноҳияҳо ба пахши барномаҳои телевизионӣ ва радиои Тоҷикистон бо истифода аз технологияҳои навини коммуникатсионӣ: (ноҳия, шаҳр,вилоят дар алоҳидагӣ).
— Баҳогузории фаъолнокии мавқеи шаҳрванди оиди пешравиҳои Тоҷикистон бо истифода аз ВАО ва мазмуну мундариҷаи маводҳо дар маҷаллаҳои даврӣ (ноҳия, шаҳр,вилоят дар алоҳидагӣ).
Меъёрҳои заминавии рейтингии дар боло ишорагардида оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти шаҳру ноҳияҳо ва инчунин вилоятҳо дар боло номбаркардашуда шартӣ буда, вобаста ба ҳадафҳои гузошташуда ба онҳо метавонанд тағйироту иловаҳо дароварда шаванд. Ба ғайр аз холҳои мусбии рейтингӣ, зимни натиҷагирии дастовардҳо меъёрҳои умумии холҳо метавонанд, аз нигоҳи кам намудани натиҷаҳои ниҳоӣ аз риоя нагардидани талаботи қонунгузорӣ оид ба қабули шаҳрвандон ва дида баромадани арзу шикоятҳои онҳо, даст задани кормандони мақомотҳои давлатӣ ба амалҳои коррупсионӣ, нишондодҳои омории ҷиноятҳои вобаста ба шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию ифродгароӣ, иҷро нагардидани нишондодҳои лоиҳавии ӯҳдадоридои андоз ва хизматҳои коммуналӣ ва дигар омилҳо метавонанд мансуб бошанд.
Дар доираи пешниҳоди мазкур мақсади асосӣ такон бахшидан ба рушди нерӯи инсонӣ ва фикрронии эҷодии кормандони соҳаҳои гуногун мебошад. Чунки солҳои охир бисёре аз кормандони дар як ташкилоту муассиса кор ва фаъолият дошта, гӯё дар ақидае мебошанд, ки тамоми масъулияту пешравӣ танҳо ба уҳдаи роҳбарон мебошад ва ин мавқеъгирӣ солҳо ҳамчун як одати муқаррарӣ дар умумият ба самаранокии истеҳсолот ва пешравии назарраси соҳаҳо таъсири манфӣ мерасонад. Ин масъала низ дар Паёми Пешвои миллат оварда шудааст: “… мо вазифадорем, ки боз ҳам бештар заҳмат кашида, ба иҷрои ҳадафҳои стратегии миллиамон – таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат ноил гардем, диёрамонро то гӯшаҳои дурдасттарини он боз ҳам ободу зебо гардонем, корхонаву коргоҳҳои нав бунёд кунем, барои сокинон ҷойҳои корӣ муҳайё намоем ва сатҳу сифати зиндагии халқамонро аз имрӯза дида, баланд бардорем”. Айнан бо ҳамин музмуни мантиқи таҷрибаи мазкур метавонанд инчунин барои баҳогузорӣ ба фаъолияти вазорату кумитаҳо ва дигар сохторҳои муҳими давлатӣ ва бахши соҳибкорӣ, ки рушди босуботи Тоҷикистонро таъмин менамоянд, мавриди омӯзиш ва татбиқ қарор гирад.
Дар доираи пешниҳоди баҳогузории рейтингии фаъолияти соҳаҳои гуногун, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, корхонаю ташкилотҳо, вазорату кумитаҳо, муфид мебуд, ки қонуни хусусияти умумимиллидоштаи “Дар бораи саҳми шаҳрвандони Тоҷикистон дар рушди босуботи инноватсионии мамлакат” таҳия ва қабул гардад ва аз ин нуқтаи назар ба фаъолнокии ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, ифтихор аз ватандорӣ, ба ҳар як сокини мамлакат, оила, соҳибкорон дар дохил ва хориҷи кишвар ва дигар ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликият баҳогузорӣ карда шавад.
Шоҳиён Нуралӣ Набот-
ректори Донишгоҳи давлатии Данғара


Поделиться новостью в социальных сетях:

3 комментарий

  • Нуқтаҳои зикрнамудаи муҳтарам Нуралӣ Набот боиси дастгирист зеро, ки кишвари мо ба мутахассисони баландтаҷрибае, ки метавонанд технологияҳои инноватсиониро татбик намоянд метавонад барои пойдории давлат ва рушди босуботи кишвар заминаи боэътимод гузорад.

  • Бехтарин пешниходхо устоди мухтарам Нурали Набот мо хама чониба дастгири менамоем

  • Ман ба фикрхои Нурали Набот розиям. Бехтарин пешниходхо. Агар имруз хар як фард аз коргари катори сар карда, то рохбару сохибмансаб донад, ки ба кору фаъолияти у аз лихози бахогузории рейтингии холисона бахо дода мешавад, хисси масъулиятшиносии у дахчанду садчанд боло меравад ва у эхсос менамояд, ки дар холати бахои пасти рейтингиро сохиб шавад, у аз кор ва ё вазифа меравад. Хамзамон дар ин холат мо ба рушди инноватсионии кишвар наздик мешавем.

Leave a Reply