Муйсафеди ҳисорӣ: Шикоят кардему ба ғазаб гирифтор шудем (Видео)

ДИН ВА ҶОМЕА, НТМ, Слайдер, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Салом ҳафтаномаи дӯстдоштаам “Оила”. Ман сокини деҳаи Хоҷасидиқи ҷамоати Дурбади шаҳри Ҳисор Бибигул Абдураҳмонова бо умед ба шумо муроҷиат карда истодаам, то ки ҳоли зори моро ба самъи курсинишинони воломақом расонед. Аз зиндагии вазнин ҷони ман ва падару бародарам кайҳо ба лабамон расидааст, вале касе арзи диламонро шунида, дастамонро намегирад.

Хонаҳои падарам дар ҳолати садамавӣ қарор доштанд. Мӯйсафед чанд маротиба ба ҷамоат рафта, гиряву зорӣ кард, ки ба хотири ду ятим ва писари бемораш кӯмак расонанд, вале касе ба додаш нарасид. Падарам дид, ки аз ҳукумати маҳаллӣ ҳеҷ муроде ҳосил намешавад, ба дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат рафта, ба номи сарвари давлат нома навишт. Як ҳафта нагузашта, аз дастгоҳ ду марду як зан барои санҷиш омаданд. Онҳоро раиси шаҳри Ҳисор ва раиси ҷамоат ҳамроҳӣ мекарданд.

Хулоса, ҳолу аҳволи моро бо чашми худ диданд ва шароити вазнини зиндагиамонро ба навор гирифта рафтанд.

Кормандони ҷамоат аз падарам хафа шуданд, ки аз болои онҳо ба президент арз кардааст ва хонаро вайрон карданд. Мӯйсафед пурсид, ки барои чӣ хонаамро чапа кардед, кормандони ҷамоат ба сари падарам дод заданд, ки барои чӣ ба дастгоҳи президент аз рӯи мо шикоят кардӣ?! Акнун мо маҷбурем, ки тахтаҳои ҳамин хонаи куҳнаатро гирифта бароят хонаи нав созем. Аз моҳи июн то сентябр падарам ҳамроҳи ду набераи ятим ва писари касалиаш дар берун ба чангу хок ғӯтида хоб рафт. Ҷамоат моро миннатдор карда, гӯё як хонаи нав сохта дод, вале он на дар дораду на тиреза. Дар ҳамин фасли сарди тирамоҳ падари мӯйсафеди ман, ки синну солаш қариб ба 90 дакка хӯрдааст, дар хонаи бе дару тиреза мехобад. Дар манзили мо ягон шароити санитарӣ нест, ҳамаамон ба хоку лой ҷӯлида гаштаем. Илтимос, як маротиба омада ҳоли зори мор бубинед, охир камбағал бошем ҳам, мо инсон ном дорем-ку!

Бо эҳтиром: Бибигул Абдураҳмонова, н. Ҳисор.

               Ранг бину ҳол пурс

Номаи Бибигул моро сахт ба риққат овард ва барои фаҳмидани асли ҳол роҳ ҷониби Ҳисор пеш гирифтем. Ронандаи таксӣ мошинро дар назди як ҳавлии бе дарвоза нигоҳ дошта гуфт:

-Хонаи бобои Болтақул ана ҳамин аст!

Ҳаққи хизмати ронандаро пардохт намуда, мо қадам ба ин ҳавлии ношинос гузоштем. Ин манзил аз хонаи одами зинда дида, бештар ба вайрона шабоҳат дошт.  Аз хонаҳои куҳнаи валангоршуда ғарами хок ва ифлосии зиёде боқӣ монда буд, ки ба ёди кас лонаи чуғзро меовард. Дар як гӯшаи ҳавлӣ хонаи нав сохта буданд, вале деворҳои бино на андова доштанд ва на ягон хел рангу бор. Дар ин вайрона моро муаллифи номаи пурсӯзу гудоз Бибигул Абдураҳмонова интизор буд. Сараввал мо аз ин зан хоҳиш намудем, ки ҷойи хоби падарашро нишон диҳад. Бибигул моро ба хонае даровард, ки тамоман таъмир нашуда буд. Дар рӯйи фарши пур аз хоку чангу гард як гилеми куҳна партофта, аз чанд кӯрпачаи нимдошт ҷогаҳ андохта буданд. Ба хона як тирезаи бе ранг часпонда бошанд ҳам, гузоштани шишаро фаромӯш карда буданд ва хона чунон хунук буд, ки тамоми аъзои бадани одам ба сӯзиш медаромад. Симҳои барқ ҳама урён  ва зистан дар байни ин қадар ифлосӣ аслан ғайриимкон буд. Дар ҳоле, ки пойҳоям аз таъсири сармо карахт мешуданд, аз дил мегузаронидам, ки мани 25- сола ин қадар хунук хӯрда истодаам, падари Бибигул, ки мӯйсафеди қариб 90- сола будааст, дар ин хунукӣ чӣ хел хоб мерафта бошад?!

Шарҳи ҳоли ин оиларо муфассал дар ҳафтаномаҳои «Тоҷикистон» ва «Оила» мутолиа намоед!

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

14 комментарий

  • Дилам сухт (((((((((((((((( Камбагали зобай, Оча тӣ дар кучои((((

  • Ман ба чои дастгох мебудам, аввал раисони чамоати Дурбата аз кор даф мекардам. Фикр накунанд, ки корашон пинхон мемонад, ин видео хастман ба дасти Озода Рахмон мерасад…!

  • Дар чашмум гиря намонд. Кучо да зиндаги мекнан хайршон кнем бечорахора

  • Оби чашми муйсафеди да 90 солагиш резонда бошан уноям дар сину соли дед хатман оби чашмшон мерезад.

  • Гар дасти фитодае бигии марди -ин магар шиори мусулмонон нест? Хайф бар холатон

  • писари деонаи муйсафед якчи гурусна дия((( Худо сабр тияд бобои Болта

  • Журналисто рафте баъд хайр накардешона охир савоб буд. Харуз дар сайт хабарои дахшати мемонен маоши пеши точикистона мегирен бад хайр намекнен..

  • Обо. Камбагала дар руи шутур мор газидаст меган рост бдаст.

  • шиками сер парвои гурусна дорад охи. Руи раисои чамоат сиё. Барои пули халка хурдан вазифада шиштагиян . Худо биград звачкаи дахантона раисчахои чамоат

  • Муйсафеди бечора точикистон бем хатман хабарат мегирам.ягон адреста намедони агане маблаг мефиристонам

  • Адреста донм маблаг мефиристонам мусафеди бечора

  • Ташакур ба шумо. Ин маводро чоп карда дасти якеро гирифтед.

  • Салом акаи журналист номери хамин муйсафеда ефта мешад???

Leave a Reply