Муштарии Тоҷпромбонк даст ба худкушӣ зад

НТМ, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Як сокини 50-солаи шаҳри Душанбе, ки ним соли охир аз мушкилоти қарз дар азоб буд, қасди ҷони худ кард. Хайриддин Қодиров, сокини кӯчаи Гулафшони маҳаллаи Меҳробод (собиқ Калинин)-и шаҳри Душанбе дар ҳоле худкушӣ кард, ки аз «Тоҷпромбонк» 100 ҳазор доллар амонати гузоштаашро гирифта натавонист.

Дар Шӯъбаи корҳои дохилаи «Сино-2»-и шаҳри Душанбе рӯзи 11-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Хайриддин Қодиров рӯзи 30-уми июл дар манзили зисташ аз роҳи худовезӣ худкушӣ кардааст. Як масъули идораи полис гуфт, ки онҳо «ҳодисаро сабт кардаанд, аммо наздикони Қодиров дар бораи сабаби худкушии ӯ чизе нагуфтанд».

Наздикон: пулҳои худро аз бонк гирифта натавонист

Бо гузашти 12 рӯз аз марги фоҷеабори падари хона, аҳли оила дар ҳолати афсурдагӣ қарор дорад, вале айни замон ҳеҷ нафаре аз аъзои оилаи Қодировҳо нахост сабабҳои марги ӯро бо хабарнигорон матраҳ кунанд.

Вақте мо вориди манзили мотамзадаи Қодировҳо шудем, як зан аз хешовандони Қодиров дар саҳни ҳавлии ӯ гуфт, «дар зинда буданаш ӯ натавонист пулҳои худро аз бонк бигирад, шумо чӣ кор карда метавонед? Мо худамон ба болоҳо шикоят кардем». Вале манзур аз «боло» куҷост, маълум нест.

Абдуқодир Мансуров, раиси маҳаллаи Меҳробод дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, наздикони Қодиров ба онҳо низ дар бораи сабабҳои марги ӯ чизе нагуфтанд ва замоне худи ӯ ба маросиме ҷаноза ҳозир шуд, ҷасад аллакай омодаи ба хок супурдан буд.

Хайриддин Қодирови 50-сола дар Идораи нигоҳдори роҳҳои ноҳияи Фирдавсии пойтахт ва аз ин пеш дар раёсати савдои ҳукумати ноҳияи Синои пойтахт кор кардааст. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд буд. Ду фарзанди калонӣ, ки муҳассили бахшҳои шартномавии донишгоҳҳои Тоҷикистон буданд, бо далели пардохт нашудани ҳаққи таҳсил аз донишгоҳ берун карда шуданд. Ду фарзанди хурдӣ мактабхонанд.

«Сахт афсурда буд»

Аммо ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ аз шумули амонатгузорони дигари «Тоҷпромбонк», ки шаш моҳ боз дар талоши бозпас гирифтани амонатҳои хеш аз ин муассисаи молӣ сарсонанд, мегӯянд, Хайриддин Қодиров аз талошҳои бесамари бозпас гирифтани пулҳояш сахт афсурда буд.

Солеҳамоҳ Самадова, раҳбари гурӯҳи амонатгузорони «Тоҷпромбонк» дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, худкушии Қодиров пас аз он рух дод, ки «Тоҷпромбонк» ҳазор сомонии ваъдагиашро, ки дар ду ҳафта як маротиба ба муштариён пардохт мекард, надод.

Ӯ гуфт, «Тоҷпромбонк» ба онҳо ваъда дода буд, ки ҳар 15 рӯз ба ҳар як амонатгузор ҳазор сомонӣ маблағ медиҳад. Рӯзи шанбеи 29-уми июл ваъдаи пул буд. «Аммо мо ба бонк омадем, мудир гуфт: «пул нест». Пулро надоданд. Баъд Хайриддин ба ман занг зад, ки «пул доданд?». Ман гуфтам «не». Гуфт: «боз фиреб карданд?». Ман гуфтам, «ҳа, мисли ҳарвақта». Гуфт: «Чӣ кор кунам? Аз зиндагӣ безор шудам, фарзандонамро аз донишгоҳ хориҷ кардаанд”.-афзуд Солеҳамоҳ Самадова.

Самадова мегӯяд, баъди ин гуфтугӯи телефонӣ Хайриддин тариқи «Вайбер» ба ӯ се маротиба паёми хаттии “Худоё, сабрам деҳ” фиристод. Вале рӯзи баъд “шаби рӯзи якшанбе хабари маргашро шунидем”, мегӯяд Самадова.

Дар идомаи сӯҳбат Солеҳамоҳ Самадова гуфт, ки ҳар дафъае, ки бонк як миқдор пули Қодировро медод, барои пардохти қарз шитоб мекард. Ба қавли бархе ҳамсояҳои ин хонавода, Қодиров аз як бонки дигар қарздор буд, вале наметавонист аз ҳисоби амонате, ки дар «Тоҷпромбонк» дошт, қарзи худро дар бонки дигар пардохт кунад. Мавзӯи қарз, ба қавли ҳамсояҳои огоҳ, мояи нороҳативу даъво дар дохили хона ҳам буд.

Амонатгузорони “Тоҷпромбонк”, ки аз сарнавишти амонатҳои худ шадидан нигаронанд, иддао мекунанд, ки маъмурияти муваққатии бонк дар фурӯхтани амволи бонк зиёд талош надорад. Ба гуфтаи амонатгузорон, бонк нархи амволи дар ихтиёрашбударо «аз будаш гаронтар ба фурӯш мебарорад» ва аз ин рӯ, ягон харидор хоҳиши хариди ин амволро надорад.

«Тоҷпромбонк»: Маблағҳо пардохт мешавад, каме бояд сабр кард

Як масъули муассисаи дучори мушкили “Тоҷпромбонк” дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар бораи фоҷеа дар манзили як муштарии ин бонк, хабар дорад. Тақдир Шарифзода, мудири махсус оид ба барҳамдиҳии «Тоҷпромбонк» рӯзи 11-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ амонат доштани Қодировро дар ин бонк тасдиқ карда гуфт, муштариёни бонк хеле зиёданд ва масъулони бонк наметавонанд аз ҳолати рӯҳии ҳар як муштарӣ хабардор бошанд.

Ӯ гуфт: «Ин ҳаёт аст, зиндагӣ аст. Мо 600 нафар амонатгузор дорем. Наметавонам ҳар яки онҳоро шахсан бишиносам. Санадҳояшонро мебинем, арзашонро мешунавем, ҳадди имкон корашонро буд мекунем. Дигар ин тараф — таваккали ҳар кас ба Худо». Тақдир Шарифзода иддаоҳои муштариёнро дар заминаи аз ҳад гарон будани арзиши моликияти бонк «як фикри якҷониба» номид. Вай гуфт, ки дар ҷараёни барҳамдиҳӣ мудирияти махсус бояд манфиати ҳамаи ҷонибҳои даъворо ба инобат бигирад.

Ӯ гуфт: «Нархи амволи мо тибқи хулосаи идораи нархгузорӣ ба фурӯш гузошта мешавад. Мо бояд амволи бонкро ба нархе бифурӯшем, ки ҳам пули амонатгузорон ва ҳам ширкатҳо, бонкҳои дигаре, ки дар ин бонк сармоя доштанд, пардохт кунем. Арзон кардан осон, аммо вақте мо бо нархи арзон ин амволро фурӯшем, пагоҳ боз ҳамон муштариёни мо метавонанд даъво кунанд, ки бонк амволро арзон фурӯхт ва ба мо пул нарасид. Масъулият боз ба дӯши мо меафтад».

Шарифзода афзуд, мудирияти махсус кӯшиш мекунад бо фурӯши амвол ва бозпас гардонидани пули бонк, аз қарздорон маблағҳои амонатгузоронро бозпас гардонад. «Мо дар 4 моҳи фаъолиятамон наздик ба 50 миллион сомонии амонатгузоронро пардохт кардем. Қарзамон дар назди амонатгузоронамон 120 миллион сомонӣ боқӣ мондааст. Мо тибқи қонун, 2 сол ҳаққи фаъолият дорем. Ҳамин, ки амвол ба фурӯш рафт, пул ба даст омад, маблағи дигар муштариёнро низ албатта пардохт мекунем, танҳо каме бояд мунтазир шаванд», — афзуд Тақдир Шарифзода.

Мушкили бозпас гардонидани пулҳои амонатгузорони бонкҳои Тоҷикистон дар соли гузаштаи 2016 доғ шуд. Ҳукумати Тоҷикистон дар авҷи бӯҳрони бонкӣ дар моҳи декабри соли гузашта, барои наҷоти ду бонки бузурги кишвар «Тоҷиксодиротбонк» 2 миллиарду 250 миллион сомонӣ ва ба «Агроинвестбонк» 1 миллиарду 70 миллион сомонӣ сармоягузорӣ кард. Дар оғоз «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» низ қарор буд таҳти ҳимояти давлат қарор бигиранд. Барои наҷоти ин ду бонк 530 миллион сомонӣ пешбинӣ мешуд.

Аммо рӯзи 24 феврали соли равон Бонки миллӣ ғайримунтазира эълон кард, ки муҷаввизи «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк»-ро бозхонд карда, фаъолияти онҳоро қатъ мекунад. Санадҳои ин бонк ба додгоҳ фиристода шуданд, то додгоҳ кумитаи барҳамдиҳиро таъин кунад. Кумитаи барҳамдиҳӣ дар раъси мудири махсус масъули ҷараёни касодшавии бонк ва бозпас додани амонати муштариён эълон шуд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Муштарии Тоҷпромбонк даст ба худкушӣ зад

  • 100 хазор доллар….??????…. О ин кадар пул ки доштед чаро онро ба бонк гузоштед ??????? О бо чор фарзанд ба тичорат машгул мешудед… Вой Сад хайфи умр ……. Хай Худо аз сари таксиротатон бигзарад… Садои чамил ба наздиконаш…

Leave a Reply