Мураббии дуздро 22-сол зиндонӣ карданд

ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ХАТЛОН, ҲУҚУҚ

Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа ҳукми се нафари муттаҳам ба ғорати хонаи Қурбон Зуҳуров, сардори шӯъбаи аудити Идораи гумруки Хатлонро эълон кард. Дурандеш Иброҳимзода – додраси парванда – гуфтааст, Мӯъмин Норматов, мураббии бокс ва раҳбари ин гурӯҳ 22 сол, Фарҳодҷон Норматов 18,5 ва Раҷабалӣ Одинаев 18 сол аз озодӣ маҳрум шуданд. Ин се нафар сокинони ҷамоати Бӯстонқалъаи ноҳияи Бохтар ҳастанд.

Иброҳимзода афзуд, ду узви дигари ин гурӯҳ –Рӯзибой Норматов ва Кароматулло Қурбонов – дар дохили кишвар ва Русия боздошт гардида, феълан баррасии парвандаашон идома дорад. “Бо ин ҳол, ҳукми се нафари аввал ҳанӯз ба иҷро надаромадааст ва вакилону наздикони онҳо ҳаққи шикоят карданро доранд”, — таъкид намуд додрас.

Парвандаи ин афрод бар асоси моддаи 249-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне “роҳзанӣ, ҳуҷум бо мақсади тасарруфи амволи ғайр бо истифодаи зӯроварӣ барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок” баррасӣ шудааст. То кунун наздикони маҳкумшудаҳо дар бораи қарори додгоҳ изҳори назар накарданд.

Ҳамла ба хонаи Қурбон Зуҳуров ва дуздии 48 ҳазор доллар аз манзили ӯ шаби 7 ба 8 сентябри соли гузашта рух дод. Бар асоси таҳқиқи пулис, ин гурӯҳ аввал талош кардаанд, дари сейфи пулро кушояд, аммо баъди пайдо шудани соҳиби хона ба ӯ ҳамла карда, бо зарби корд захмӣ намудаанд. Тафтишот мегӯяд, ҳамлаварон баъдан сандуқи оҳанинро гирифта, аз ҷойи ҳодиса фирор карданд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply