Муовини Фармондеҳии марказии артиши ИМА ба Тоҷикистон омад

Сиёсат, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Генерал- Теренс Маккенрик, муовини фармондеҳи Фармондеҳии марказии артиши ИМА, ба Тоҷикистон ташриф овард ва бо роҳбарони баландпояи Тоҷикистон ва роҳбарияти сафоратхонаи ИМА мулоқот анҷом дод. Дар рафти сафари худ ӯ доираи васеи масъалаҳои амниятиро бо мансабдорони воломақоми Тоҷикистон аз Вазорати мудофиа ва Вазорати корҳои дохилӣ муҳокима намуда, барои ҳамоҳангсозии минбаъдаи артиши ИМА ва Тоҷикистон изҳори сипос намуд.

Дар рафти вохӯриҳои сатҳи олӣ, генерал-майор Маккенрик муҳимияти шарикии мазкурро барои дастгирии устувор ва шукуфоии Тоҷикистон қайд намуд. Дар тӯли 20 сол, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон ба пешрафти назаррас муваффақ шуданд, ки барои таъмини субот ва пешрафти Тоҷикистон ва аҳли минтақа мусоидат намуд. Кӯшишҳои муштараки ИМА ва Тоҷикистон асосан ба амнияти сарҳадӣ, мубориза алайҳи терроризм ва қочоқи маводи мухаддир равона карда шудаанд.

Тоҷикистон шарики муҳим дар Стратегияи Осиёи Ҷанубии ИМА мебошад, ки баҳри такмил додани амнияти минтақавӣ, субот ва шукуфоӣ дар саросари минтақа равона шудааст. Ҳамкории ИМА ва Тоҷикистон дастгирии амният ва суботро дар Осиёи Ҷанубию Марказӣ идома хоҳад ёфт ва ҳамзамон ба баланд бардоштани затҳи зиндагии шаҳрвандони Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply