Мулоқоти Раҳимзода бо тоҷикони Русия

ДИН ВА ҶОМЕА, Слайдер, ТОҶИКИСТОН

Мулоқоти  Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал — полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо роҳбарони диаспораҳои тоҷик аз шаҳру вилоятҳои Федератсияи Руссия, ки ҷиҳати иштирок ба чорабиниҳои идона бахшида ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Душанбе ташриф оварданд, аз нигоҳи фарогирии масоили марбут ба буду боши тоҷикон дар ин кишвар як конфиренсияи пурмуҳтаворо   ба хотир меовард. Ӯ ошкоро зикр кард, ки раҳгум задани ҷавонон, ҷалби онҳо ба гурӯҳҳои террористӣ, экстримизм, бунёдгароии динӣ на танҳо боиси нигаронии кишварҳои алоҳида, балки тамоми ҷомиаи ҷаҳонӣ гаштааст. Мубориза бар муқобили онҳо низ яктан, чун ҳалқаҳои занҷири кӯҳнавардӣ устувору ногусастанӣ буданро мехоҳад. “Беҳтарин роҳи мубориза бо ин падидаҳои номатлуб, — таъкид кард ӯ, кор ба ҷавонон, дуруст фаҳмонидани оқибатҳои экстримизм, бунёдгароӣ мебошад”. Зимнан ӯ ҳодисаеро ба хотири ҳозирин овард, ки бо як ҳамватани мо рух додааст. Он шаҳрванди Тоҷикистон ба доми фиреби мубаллиғони Давлати исломӣ меафтад ва ба ин гурӯҳҳо мепайвандад. Баъд аз чанде ӯ зан ва ҳашт фарзандашро низ ба Сурия мебарад. Муддате ногузашта ӯ ҳалок мешавад ва зану ҳашт фарзандаш бепарастор мемонанд. Зан аз ғояти бечорагӣ ва яъсу ноумедӣ ба кӯча мебарояд ва бо доду фарёд осмонро ба сараш мекашад. Ҳамсафони шавҳараш ӯро ба қатл мерасонанд ва он ҳашт тифли бегуноҳ дар кӯча мемонанд.

Оқибати раҳгум задану ба доми фиреб афтодани ҷавонон ҳалокати онҳост. Нақши роҳбарони диаспораҳо барои аз ин вартаи ҳалокат наҷот додани онҳо муҳим аст. Онҳо бояд моҳияти исломи нобро аз дурӯғин, ҳадафҳои кишварҳоеро, ки дар заминаи дини мубини ислом тафриқа миёни мусулмонон меандозанд, аз ҳизбҳо ва гурӯҳҳое, ки экстримистӣ ҳастанд ҷонибдорӣ менамоянд, ба мардум фаҳмонанд. Билхоса миёни ҷавононе, ки имрӯз дар Русия муҳоҷират ихтиёр намудаанд.

 Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз дастовардҳои кишвар дар соҳаи маориф, тандурустӣ, иҷтимоӣ ба роҳбарони диаспораҳо маълумот дод. Ҳамчунин таъкид намуд, ки танзими маъракаҳо, умуман сунатҳои миллӣ боиси ворид гаштани сабукӣ дар рӯзгори мардум, боло рафтани сатҳи иқтисодии онҳо гашт.

Истиқлол бузургтарин дастоварди миллати тоҷик дар тӯли ҳазор сол аст. Раҳимзода Рамазон Ҳамро гуфт, ки дурахши ситора дар само ва рақси кабӯтар дар фазои Истиқлол натиҷаи заҳматҳо, худфидоӣ, меҳанпарастии мардуми Тоҷикистон таҳти сарварии шахси хирадманд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст ва бояд ҳар фарди меҳанпараст ин муқадасотро чун гавҳараки чашм ҳифз намояд.

Дар мулоқот Шарипов Халил Сафарович, аз Екатеринбург, Раҷабов Исломиддин — раиси Шўрои ташкилоти ҷамъиятии минтақавии «Маркази миллӣ-мадании тоҷикон «Сомониён» дар ш.Челябинск, Мулимов Адҳам Доруевич – раиси Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии «Иттифоқи тоҷикони Россия», кишвари Перм,  Каримов Абдулло Саидович -роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии Тюмен «Маркази мадании тоҷикон «Пайванд»,  Каримов Минҳоҷидин Меҳтоҷович- роҳбариТашкилоти ҷамъиятии «Маркази миллӣ-мадании тоҷикон «Сомониён», Новосибирск, Тоҳиров

Шавкат Исмоилович — роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии «Дўстии русу тоҷик», вилояти Кемерово, Одинаев Раҳмоналӣ Талбиевич- роҳбари ҷамъияти маҳаллии динии мусулмонон «Абду Раҳмон», ш.Новокузнетск, Авазов Эмомалӣ Саидович — Раиси ҷавонони Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази миллӣ-мадании тоҷикони «Сомониён»,  Сатторов Абдулло Ажиклоевич соҳибкор дар ш.Москва,  Мираков Исмоил Равшанович -Раиси созмони ҷавонони шаҳри Иваново, донишҷўи курси 3 аспирантураи Донишгоҳи Давлатии технология ва идоракунии шаҳри Москва,  Гулов Макамбек Рустамович роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии дастгирии барқарорсозии маданияти халқҳои Осиёи Марказӣ «Мадад» дар ш.Карснодар,  Салихов Сирожидин Буриевич раиси Ташкилоти ҷамъиятии дастгирии барқарорсозии маданияти халқҳои Осиёи Марказӣ «Мадад» дар ш.Карснодар иштирок доштанд.

 

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply