Мукаррама шавҳарашро меҷӯяд!

МУҲОҶИР, Номаҳо, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Имрӯз ба хабарнигори “Оила” як сокини шаҳри Душанбе, ки исмашро Раҳимова Мукаррама муаррифӣ намуд, гуфт, ки аз соли 2000 инҷониб шавҳараш бедарак аст.

Ӯ бо мақсади ба даст овардани қути лоямут мисли дигар мардони муҳоҷир ба Русия ба шаҳри Москва ҳиҷрат намуда, бо ҳамин беному нишон гаштааст. Мукаррама дар суҳбат қайд  намуд, ки шавҳараш Раҳимов Зубайдулло ном дошта, 57 сол дорад ва онҳо дар тӯли зиндагияшон соҳиби чор фарзанд гаштаанд.

“Бори гарони зиндагӣ пас аз гумном шудани шавҳарам бар дӯшам бор гашт ва бо азобу шиканҷа онҳоро ба воя расонидам, вале бо ҳукми тақдир ҳоло писари калониям дар зиндону  ду писари дигарам дар хизмати модар-ватан ҳастанд. Мани мискин бо як духтар бо ҳоли табоҳу рӯзи сиёҳ умр ба сар бурда истодаам”,- мегӯяд ин зани бемуттако бо ашкҳои шашқатор.

Р. Азимӣ

 

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply