Муаллим 21 ҳазор сомони Бозичаро дуздид

ВМКБ, ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Зафар Назаралиев, омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонии мактаби деҳаи Миденшори ҷамоати Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон бо гумони дуздии 21 ҳазор сомонӣ дастгир шудааст. Мақомот мегӯянд, омӯзгор Назаралиев шаби 5 январ вориди манзили ҳамдеҳааш Бозича Қиматшоев шуда, қулфи ҷевони оҳанин(сейф)-и ӯро шикаста ва 21 ҳазор сомониро ба яғмо бурдааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри ду акс дар гузорише бо номи Дуздии 21 ҳазор сомонӣ аз дохили ҷевони оҳанин хабар дод, ки мақомоти милиса як дуздӣ дар ноҳияи Шуғнони вилояти Бадахшонро ошкор кардаанд.

Бино ба ин гузориш, шаби 5 январ, тахминан соати 22:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи шикастани тирезаи хонаи истиқоматии шаҳрванд Қиматшоев Бозича Окимбекович, соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи деҳаи Миденшори ҷамоати Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон, вориди он гардида, аз он ҷо бо роҳи шикастани қулфи ҷевони оҳанин маблағи 21 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд.

Мақомоти милисаи ноҳияи Шуғнон дар ҷараёни ҷустуҷӯ ҳамчун гумонбар дар дуздӣ шаҳрванд Назаралиев Зафар Алишерович, соли таваллудаш 1990, сокини деҳаи Миденшори ҷамоати Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон, омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонии муассисаи таълимии №44-и деҳаи Миденшорро дастгир кардаанд.

Зафар Назаралиев дар вақти пурсиш аз тарафи кормандони милитсия даст доштанаш дар ин дуздиро пурра иқрор гардида, далелҳои шайъӣ аз ӯ гирифта шудааст.
Тафтишоти пешакии ин қазия аз ҷониби шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шуғнон идома дорад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply