Муҳоҷирони тоҷик банд монданд

МУҲОҶИР, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Ҳудуди 160 муҳоҷири тоҷик як рӯз боз дар фурудгоҳи Пулковои шаҳри Санкт-Петербург дармондаанд. Абуалӣ, яке аз мусофирон, гуфтааст, ки парвози онҳо бояд тавассути ҳавопаймои «Уралские авиалинии» сурат мегирифт, аммо масъулони ширкат аввал замони парвозро ба таъхир андохта ва сипас гуфтаанд, «билетҳои худро супоред».

Ҳавопаймои ширкати «Уралские авиалинии» бояд соати 22-и шаби гузашта аз Санкт-Петербург ба Душанбе парвоз мекард. Абуалӣ гуфтааст, ки феълан онҳо дар дохили фурудгоҳ ва дар шароити бад қарор доранд, чун барояшон на обу ғизо ва на ҷойи хоб пешниҳод нашудааст.

«Масъулони ширкат хуб суҳбат намекунанд. Ақаллан мегуфтанд, ки парвоз барои чанд соат ё чанд рӯз ба таъхир гузошта шуд, фаҳмидан мумкин буд. Тоқат кардан мумкин буд. Инҳо ҳеҷ шарҳ намедиҳанд ва танҳо мегӯянд, ки мақомоти худатон шуморо дастгирӣ намекунанд, мо чигуна дастгирӣ кунем?», — афзуд ӯ.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply