Муҳаммадрафии Кароматулло: Нозия писарчадор шуд!

Рози ситораҳо, Слайдер, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Саннаи 20 -уми октябр меҳмони нахустбарномаи “Оила” дар “Имрӯз” роҳбари ансамбли эстрадии “Ориё”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадрафии Кароматулло буд.

Муҳаммадрафии Кароматулло дар пахши мустақими барнома ба саволҳои бешумори шунавандагони радио ва хонандагони ҳафтаномаи “Оила”  ҷавоб гуфта, аз ҷумла қайд кард, ки хоҳараш Нозияи Кароматулло моҳе қабл писарча ба дунё оварда, имрӯз зиндагии хушу хурсандона дорад. Ба суоли он, ки чаро Нозия аз саҳна нопадид шуд? Муҳаммадрафӣ иброз намуд, ки  имрӯзҳо вазифаи аз ҳама асосиаш, рисолати модаронаашро иҷро кардан, аз пайи тарбияи фарзандонаш аст.

Муҳаммадрафии Кароматулло дар бораи аҳли оилаашон сухан гуфта, аз ҷумла қайд кард, ки  дар рушди шахсияти ӯ ва хоҳараш Нозия ҳамчун ҳунарманд нақши модараш Зулфиябону бузург аст.

“Ҳунар барои банда мероси падар бошад ҳам, дар ташаккул ёфтани шахсияти ман ҳамчун ҳунарманд модарам нақши муассир доранд. Хушбахтам, ки чунин модари қаҳрамон дорам. Ифтихор мекунам, ки оилаи обод ва фарзандони дӯстрӯ дорам”-мегӯяд Муҳаммадрафии Кароматулло.

Мухлисон таасуроти Муҳаммадрафиро аз сафараш ба Ӯзбекистон пурсон шуданд.

Роҳбари ансамбли эстрадии “Ориё” рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Ӯзбекистонро беҳтарин падидаи фарҳангӣ номида гуфт:
“ Ростӣ, ман чунин пазироии гармро ҳеҷ интизор намудам. Вақте оҳанги сурудам садо доду ба саҳна баромадам, тамоми толор якбора ба по хест. Мавҷи кафкӯбиҳо толорро баларза дароварда буд.

Дар Ӯзбекистон ба шарафи ҳунармандони тоҷик бисёр як базми зебои пур аз гулу меҳру ихлос барпо шуд.  Бо таассуроти рангин ва хотироти ширин аз сафар баргаштем.”

Ҳамасола Муҳаммадрафӣ ва Нозияи Кароматулло шамъи хотираи падари бузургворашонро Кароматуллои Қурбонро бо як барномаи ҷолиби консертӣ фурӯзон медоштанд, вале имсол ҳанӯз тасмим нагирифтаанд, ки дар рӯзи милоди падар консерт барпо мекунанд ё не.

“Ҳоло вақт ҳаст, агар консерт барпо карданӣ шавем, ҳатман мухлисони худро тариқи радиои “Имрӯз” ва ҳафтаномаи “Оила” хабардор хоҳем кард”-ваъда дод ин ҳунарманди ҷавон ва маҳбуб.

Муҳаммадрафии  Кароматулло дар поёни сӯҳбаташ қайд кард, ки дар хона, фориғ аз эҷод бештар ҳафтаномаи “Оила”-ро мутолиа менамояд, радиои мошинаш бошад ҳамеша рӯйи мавҷи 107, 4 ФМ қарор дорад ва танҳо “Имрӯз”-ро мешунавад.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply