Муҳаммадҷавод Зариф дар Душанбе

Сиёсат, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҶАҲОН

Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон субҳи 8-уми ноябр вориди Душанбе — пойтахти Тоҷикистон шуд. Ба иттилои рассонаҳо, вазири корҳои хориҷии Эронро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Низомиддин Зоҳидӣ, муовини аввали вазири умури хориҷии Тоҷикистон, истиқбол кард.

Ин манбаъ афзудааст, сафари Муҳаммадҷаводи Зариф якрӯза хоҳад буд, аммо ба эҳтимоли зиёд, вай шаб дар Душанбе хоҳад монд ва фардо озими Самарқанд хоҳад шуд. Рӯзҳои 9-10 ноябр дар шаҳри Самарқанди Узбакистон конфронси байналмилалӣ зери унвони «Осиёи Миёна: як гузашта ва як ояндаи муштарак, ҳамкорӣ барои тавсеаи пойдор ва рушди муштарак» баргузор мешавад. Дар ин ҳамоиш ҳам Муҳаммадҷавод Зариф низ иштирок хоҳад кард.​

Дар ҷараёни сафараш ба Душанбе, вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадҷавод Зариф қарор аст бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбарони ҳарду палатаи парлумони ин кишвар дидору гуфтугӯ анҷом диҳад. Як манбаи мӯътамад гуфт, ки дар ҷараёни ин сафар қарор аст масоили марбут ба ҳамкориҳои ду кишвар ва ба вижа вазъи кунунии робитаҳои Душанбеву Теҳрон, баррасӣ шавад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply