Мизи гуфтушуниди майдони ҷанг

Слайдер, ТОҶИКИСТОН, ҲУҚУҚ

Мусоҳиба бо иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаҷид Салимович Достиев
-Муҳтарам Абдулмаҷид Салимович, баъди гузашти 25 сол назари шумо доир ба баргузории Иҷлосияи XVI даъвати дувоздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир ёфтааст ё не? Имрӯз кадом лаҳзаҳоро аз ҷараёни иҷлосия мехоҳед ба хонандагон нақл кунед?
-Мехоҳам суҳбатамонро бо мисраъҳои зерин шурӯъ намоям:
Баҳри фардои муқаддас дигарон доранд ҷаҳд,
Мо барои куштани фардо ҷадал кардем, ҳайф.
Солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ ҷоҳталабию мансабхоҳии носипосон чунин ба назар мерасид. Аз ин рӯ, баргузории Иҷлосияи XV1 даъвати дувоздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи вазнинтарини кишвар рост омад. Ҷанги шаҳрвандӣ, ба истиснои вилояти Ленинобод (Суғд), дар вилоятҳои Хатлону Бадхшони Кӯҳӣ ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ идома дошт. Ин вазъият дар маркази минтақаҳои дигар гузаронидани иҷлосияро номумкин мегардонд. Ҳар боре дар ин боб гап мекушоем, итминонам торафт меафзояд, ки қарордоди дар Хуҷанд баргузор намудани иҷлосия комилан дуруст будааст.
Иҷлосия 16 ноябри соли 1992 таҳти роҳбарии Раиси Шӯрои Олӣ Акбаршоҳ Искандаров ба кор шурӯъ кард. Дар он аз 230 нафар вакил 197 нафар иштирок карданд. 25 нафар вакил бесабаб ба Иҷлосия ҳозир нашуданд. Минҷумла, аз се роҳбари собиқи Тоҷикистони Шӯравӣ, ки дар замони ҳукмронии онҳо нооромию майдоннишиниҳо сар заданд, ду нафар — Қаҳҳор Маҳкамов, Ғоибназар Паллаев иштирок накарданд. Вале Иззатулло Ҳаёев дар Иҷлосия ҳузур дошт. Қабл аз оғоз Гимни давлатии Тоҷикистон садо дод ва вакилони халқ хотири намояндагони Шӯрои Олӣ Муродалӣ Шерализода, Нурулло Ҳувайдуллоев, Мавлон Олимов, Қурбоналӣ Имомов ва дигар шаҳрвандони ҷумҳуриро, ки дар ҷанги бародаркуш ба ҳалокат расиданд, бо риояи дақиқаи хомӯшӣ пос доштанд.
Баҳри баррасии масъалаҳои муҳими сиёсиву иҷтимоӣ, иҷлосия, аввал дар ҳайати 40 нафар намояндагони халқ комиссияи муросо созмон дода, ба раисиаш Қурбон Тӯраевро интихоб намуд.
Иҷлосия бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ масъалаҳоро баррасӣ карда, музокираҳояш низ бо ин забонҳо ҷараён гирифтанд. Бинобар истеъфои Раиси Шӯрои Олии ҶТ А. Искандаров дар рӯзи чоруми кори он раискунандаи Иҷлосия вакил Ҳабибулло Табаров интихоб гардид.
18 ноябр ба рӯзномаи Иҷлосия XVI 14 масъала дохил ва тасдиқ карда шуд. Қабул кардани муроҷиат ба кишварҳои ИДМ, дар бораи аризаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Набиев, дар бораи Раёсати Шӯрои Олӣ ва аъзои Ҳукумати ҶТ, дар бораи қабули қонун оид ба гурезаҳо, дар бораи Парчам ва Нишони ҶТ, дар бораи авфи умумӣ аз муҳимтарини масъалаҳои рӯзнома буданд. Вакилони халқӣ то 2 декабр ҳамаи масъалаҳои рӯзномаро баррасӣ карда, қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
— Истеъфои Раҳмон Набиев дар иҷлосия ихтиёрӣ буд ё маҷбурӣ?
— Шоми 19 ба 20 ноябри бо супориши роҳбарияти нави Шӯрои Олӣ се нафар вакили халқ Ҳабибулло Табаров, Маъруф Орифов ва ман ба хонаи Раҳмон Набиев рафтем. Мо бо ӯ дар бораи дархостҳояш ҳамчун президент ва бо хоҳиши худ истеъфо додан аз вазифааш суҳбат доштем. Ин суҳбат хеле вазнину дурудароз буд. Хулоса, баъди радду бадалҳои зиёде Р. Набиев розӣ шуд, ки дар иҷлосия баромад карда, истеъфо медиҳад.
Рӯзи 20 ноябри соли 1992 иҷлосияро Раиси Шӯрои Олии ҶТ Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов оғоз бахшида, масъалаи қонунӣ будан ё набудани аризаю истеъфои Президенти мамлакат Раҳмон Набиевро, ки зери фишору таъқиби силоҳбадастон 7 сентябри соли 1992 навишта буд, баррасӣ кард. Баъд иҷлосия бо қарори худ истеъфои Раҳмон Набиевро қабул намуда, ҳамчунин барои ӯ як қатор имтиёзҳоро муқаррар кард.
Ҳамон рӯз, инчунин иҷлосия масъалаи аз вазифаи Сарвазири ҷумҳурӣ озод кардани Акбар Мирзоевро дида баромада, ӯро ба кори дигар гузаронд. Иҷлосия А. Абдуллоҷоновро Сарвазири ҶТ таъин намуд..
-Вакилон Ҳабибулло Табаров, Адолат Раҳмонова ва чанд нафари дигар зимни суҳбатҳо иброз доштанд, ки дар чанд рӯзи кори Иҷлосия Сафаралӣ Кенҷаев набуд. Сабаби ин рӯйдодро шумо шарҳ дода метавонед?
— Сафаралӣ Кенҷаев, аз қумондонҳои Фронти халқии Тоҷикистон, дар 5 рӯзи аввали кори иҷлосия аз чӣ бошад, ки иштирок надошт. Ба гумони ман, ин амал кори дасти қувваҳое буд, ки баҳамоии тоҷиконро намехостанд. Аммо худи Кенҷаев ба пурсиши боисрори вакилон посух дод: “Ман ҳамчун ҳуқуқшинос доир ба ин масъала тафтишот бурда истодаам ва барои фош накардани сирри тафтишот аз гуфтани баъзе чизҳо ин ҷо худдорӣ менамоям”. Ҳамчунин, чанд нафаре буданд, ки ба нишони эътироз иҷлосияро тарк карданӣ шуданд. Яке аз вакилони соҳибэҳтироми мухолифин ба забон оварда буд: «Ин ҳукумате, ки шумо таъсис додед, ду моҳ ҳам дошт намедиҳад». Аз рӯйи инсоф, магар вай нагуфта буд, ки “Қаҳҳор Маҳкамов, то замоне ки шумо роҳбар ҳастед, ман мансаб талаб намекунам!”Аммо дар ҳукумати нав соҳиби мансаб шуда, солҳо кор кард.
-Дар кори иҷлосия аз қумондонҳои фронти халқӣ ва оппозитсия киҳо иштирок намуда, дар кораш чӣ саҳме гузоштанд?
-Фармондеҳи фронти халқии Тоҷикистон Сангак Сафаров ва аз ҷониби қумондонҳои мухолифин Ҷумъа Буйқодов бо хоҳиши намояндагони халқ вазъияти муташанниҷи вилоятҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа ва навоҳии тобеи ҷумҳуриро муфассал шарҳ дода, сипас изҳор карданд, ки аз гуноҳи ҳамдигар мегузаранд ва дар таҳкими сулҳу осоиши кишвар саҳм мегузоранд. Таҳти чапакзании иштирокчиёни Иҷлосия намояндагони силоҳбадастон ҳамдигарро ба оғӯш кашида, ба якдигар даст доданд. Худи ҳамон рӯз сокини шаҳри Хуҷанд И. Хӯҷаев ҳамаро ба оши оштӣ даъват намуд.
-Шумо Қасри Арбоби Хуҷандро рамзи озодии мардум ва ба ҳам омадани миллат донистаед…
— Ҳамин ки инсон ҳамон шаҳр ва ё ёдгориро ба хотир меоварад, воқеаҳои таърихӣ ба ёдаш мерасад. Қасри Арбоб дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун қасри нигоҳдорандаи ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ боқӣ мемонад. Маҳз дар ҳамин ҷо давлатдории нави тоҷикон оғоз ёфт. Қасри Арбоб ба макони муттаҳидкунанда ва оштидиҳандаи миллат табдил ёфт. Хуҷандиҳо дар рӯзҳои кори иҷлосия масъулияти баланди ватанпарастии худро дар назди таърихи кишвару миллат исбот намуданд.
— Пешниҳоди шумо дар Иҷлосия буд, ки вилоятҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппаро ҳамроҳ намуда, вилояти Хатлон аз нав барқарор карда шавад. Ин иқдом чӣ зарурате дошт он замон? Оё вақташ нарасидааст, ки ин вилоятҳои пештара барқарор шавад?
— Қабл аз ҳама, агар вилояти Хатлонро ба ду қисм ҷудо намекарданд, ҷанги шаҳрвандӣ аз водии Вахш сар намезад. Ман ҳамчун вакили халқ аз ҳавзаи интихоботии Октябр, № 189, ноҳияи Бохтар, дар қатори дигар вакилони ҷонибдори ҳукумати конститутсионии амалкунанда таклиф пешниҳод кардам, ки вилоятҳои Қӯрғонтеппаву Кӯлобро ҳамроҳ намуда, вилояти Хатлон аз нав барқарор карда шавад. Ин таклифро вакилон Қаландар Эммаҳмадов, Ҳусейн Аюбов ва Чоршанбе Камбаров низ дастгирӣ карда, андешаҳои худро оид ба манфиати ин иқдом баён намуданд. Қарор дар бораи таъсиси вилояти Хатлон бо аксарияти овозҳо қабул шуд.
-Баъзе афроди нотавонбин низоъангезӣ намуда, мегӯянд, ки мардуми минтақаи Кӯлоб Иҷлосияи ХУ1-ро ба нафъи худ истифода карда, ҳукумати конститутсионӣ ташкил карданд…
-Ҷойи инкор нест, ки фарзандони кӯлобии мардуми тоҷик дар ҳалли масъалаи ҳукумати қонунӣ дасти зиёде доштанд, вале бо тамоми масъулият мегӯям, ки агар дар атрофи онҳо бо дурандешӣ ва дарки масъулияти миллӣ фарзандон ё мардумони тамоми кишвар, аз ҷумла Кофарниҳону водии Рашт, Бадахшону Суғд ва Ҳисор ҷамъ намеомаданд, мо аз балои ба сарамон омада наҷот намеёфтем.
-Шумо навиштаед, ки «Иҷлосияи XVI, даъвати дувоздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияе буд, ки оғоз дошту анҷом надорад?” Инро чӣ тавр фаҳмем?
-Мо тоҷику тоҷикистониён, ин Иҷлосияи сарнавиштсозро ҳамчун ҳодисаи нодири таърихи миллату кишварамон фаромӯш намесозем. Воқеан, Иҷлосия XVI оғоз дошту анҷом надорад. Зеро аз ин баъд тамоми дастовардҳоямон самараи қарору дастурҳои он ба шумор меравад. Инчунин, Иҷлосияи XVI беҳтарин сарчашмаи зуҳури ақлу хиради сиёсӣ ва ба ҳам овардани мардуми парешонгаштаву дилшикаста ба шумор меравад.
Ман Иҷлосия XVI даъвати дувоздаҳуми Шӯрои Олии ҶТ-ро табаддулот неву инқилобе барои аз ҳолати беҳокимиятӣ, номуайянӣ ва худкушӣ баровардани миллат ва нигоҳдории давлати баъди ҳазорсола аз нав ташаккулёфтаи тоҷикон мешуморам. Имрӯз, ки дар арафаи 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, ки ба ифодаи рамзнок “мизи гуфтушуниди майдони ҷанг”-ро мемонд, қарор дорем, мехоҳам тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бо ҳамаи дастовардҳое табрик намоям, ки асосаш дар Қасри Арбоб гузошта шуд.
Эй фалак, осуда мон Рашту Зарафшони моро,
Сангҳо дигар мазан Ванҷу Бадахшони моро.
Бо Ҳисори Шодмон бигзор шодиҳо кунем,
Аз фараҳ хатҳо расон ғамдори Хатлони моро.
Мусоҳиб Э. Назаров


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply