Мирзиёев ҳамаи сафирони Ӯзбекистонро аз кор пеш мекунад

Сиёсат, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Тибқи хабари  портали «New Epoch», президенти Ӯзбекистон Шакат Мирзиёев дар як нишасти  видеоӣ бо сафирони кишвараш  изҳор дошт, ки онҳоро аз вазифа сабукдӯш мекунад Зеро аксарашон пораахурва корррупсионер мебошанд. Мирзиёев гуфт, ки дар баъзе лоиҳаҳои сармоягузорӣ қариб нисфи ҳамаи маблағҳо дар киссаи  ришвахорон  қарор мегиранд.  Фасод дар Ӯзбакистон,махсусан дар соҳаи дипломатия   дар сатҳи баланд қарор дорад. Президент қайд кард, ки ӯ дар ин бора дар замони  сарвазираш медонист (ӯ ин вазифаро 13 сол ба дӯш дошт). Аммо пештар аз сабаби он,ки дар атрофаш “одамони нопок” буданд,  дар ин бора сӯҳбат карда наметавонист.

“Ҳоло, ки сарвари давлат шудам, дар бораи фасод ошкоро гап мезанам” гуфт ӯ. Ба ақидаи ӯ, аксарияти дипломатҳои Ӯзбекистон дар хориҷа гунаҳкоранд. Мирзиёев гуфт,ки  аз 1-уми феврал ӯ ҳамаи сафоратхонаҳои кишварро баста , дар он ҷо шахсони  навро таъин хоҳад кард.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply