Мехоҳи 51 000-сомониро соҳиб шавӣ?

ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ доир мешавад.

Дар қарори Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори пойтахт омадааст, ин сабқат, ки соати 16:00-и 16 сентябр дар Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ” шурӯъ хоҳад шуд, ба 26 солагии Истиқлоли давлатӣ бахшида мешавад.

Дар ин қарор Рустами Эмомалӣ муовинони худ, раисони чор ноҳияи пойтахт, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанберо муваззаф намудааст, дар ҳамкорию ҳамоҳангӣ бо кумитаи тадорукот, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Вазорати кишоварзӣ, Федератсияи бузкашӣ ва пойгаи Тоҷикистон барои даъват ва ҷалби беҳтарин аспсаворон ва корхонаҳои асппарварии ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

“Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ ба муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе барои пардохти хароҷоти мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ ба маблағи 51000 (панҷоҳу як ҳазор) сомонӣ ҷудо намояд”,-омадааст дар қарори мазкур.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply